Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров вазири дифои Бритониёро “вазири ҷанг” хитоб кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи шанбе дар суханони худ вазири дифои Бритониёро "вазири ҷанг" хитоб кард.

Ӯ рӯзи 16-уми феврал гуфт, "агар ба гапи баъзе одамон ба мисли вазири ҷанг, ё бубашед, вазири дифои Бритониё гӯш диҳед, ин тасаввур ҳосил мешавад, ки ҳеч кас ба ғайр аз НАТО ҳақ надорад, ба ҷуз аз марзҳои худ дар ҷои дигаре бошад."

Як рӯз пеш аз он, Гевин Уилямсон, вазири дифои Бритониё гуфта буд, Русия талош дорад, ки "Ғарбро таҳрик диҳад".

Уилямсон дар суханрониаш дар нишасти байналмилалии Мюнхен рӯзи ҷумъа гуфт, "Русия талош дорад, Ғарбро дар як мусобиқаи таслиҳотии нав дахил кунад, ки ҳеч ба он алоқа надорад". Ӯ ҳамчунин Русияро ба анҷоми фаъолиятҳои, ба гуфтааш ғайриқонунӣ дар замину баҳр муттаҳам кард.

Бори аввал нест, ки Сергей Лавров ва Гевин Уилямсон ба ҷанги лафзӣ мепардозанд. Соли гузашта Уилямсон гуфта буд, ки "Русия бояд дур биравад ва хомӯш бошад". Лавров дар вокуниш ба Уилямсон гуфта буд, "эҳтимол ӯ бетарбия аст".

XS
SM
MD
LG