Як марди 45-сола дар Амрико бо тирандозӣ дар ҷойи кораш 5 ҳамкорашро кушта ва 5 афсари пулисро маҷруҳ кардааст. Ҳодиса рӯзи 15-уми январ дар аёлати Иллинойс ба вуқуъ пайваст ва фарди тирандозро маъмурони пулис куштаанд.
Ба гуфтаи мақомот, фарди муттаҳам ба тирандозӣ Гари Мартини 45-сола корманди ширкати Ҳенрӣ Прат дар шаҳри Аврораро бояд то чанд рӯзи дигар ихтисор мекардаанд. Расонаҳои шаҳр аз қавли аъзои хонаводаи Гари Мартин навиштаанд, ки ӯ аз хабари ихтисор афсурдаву асабонӣ будааст.
Як коргари ширкат ва як афсари дигари пулис ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Кристен Зиман, сардори пулиси шаҳри Аврора гуфт, онҳо тафтиш доранд, ки оё Гари Мартин силоҳро қонунӣ харидааст ва ё не. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико маъмурони пулисро барои вокунишашон дар ин ҳодиса ситоиш кард.
Тирандозӣ дар шаҳри Аврора як рӯз қабл аз солгарди аввали тирандозӣ дар як мактаби шаҳри Флорида сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 17 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса баҳси истифода аз силоҳ ва мусоидати он ба қатлу кушторро дар саросари Амрико барангехт.