Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хост, роҳбарони пушаймоншудаи гуруҳҳои ҷиноӣ ҷазо нагиранд


Владимир Путин, президенти Русия пешниҳод кард, ки роҳбарони пушаймоншудаи гуруҳҳои ҷиноӣ аз ҷавобгарӣ озод карда шаванд.

Бо чунин ташаббуси Путин ба Думаи давлатӣ муроҷиат кард. Пешниҳоди иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар сомонаи Думаи давлатии Русия нашр шудааст.

Ҳамзамон бо ин тарҳ Путин пешниҳод кардааст, ки муҷозот барои ширкат дар гуруҳҳои ҷиноӣ сахттар шавад. Ба вижа, пешниҳод шудааст, ки ҷазо барои роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ то 15 сол ва роҳбарони амалиёти харобиовар то 20 соли зиндон муқаррар шавад.

Дар шарҳи лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки дар Русия гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ қонуншиканиҳои сахте анҷом медиҳанд ва роҳбарони чунин гуруҳҳо бо истифода аз вазъи худ аз ҷавобгарӣ фирор мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташаббуси президент ба мазҳака кашида шуд.

XS
SM
MD
LG