Як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шудааст, аз ҳукумати Узбекистон хост, ӯро истирдод накунад. Соҳибкор Ҳалимбек Сяхеман, ки номаш ҳамчун Ғалимбек Шагиман низ сабт шудааст, аз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон хост, ки “ҳамчун бародари мусалмони туркзабон” ӯро ба Чин таслим накунад, ки он ҷо ба марг маҳкум мешавад.
Ҳалимбек ин дархостро рӯзи 7-уми феврал дар навори видеоие кардааст, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст. Зоҳиран, ин навор дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сабт шудааст. Ин видео бо акси шиносномаи Ҳалимбиек дар гурӯҳҳои марбут ба фаъолони ҳуқуқи башар низ пахш шудааст, ки тақозои истирдод нашудани ӯ ба Чинро доранд. Ин дар ҳолест, на ҳукумати Узбекистон ва на Чин дархости истирдоди ӯро тасдиқ накардаанд.