Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров пас аз Бишкек ба Душанбе меояд


Вазири умури хориҷии Русия ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Лавров рӯзи 4-уми феврал вориди Душанбе мешавад ва сафараш то 5-уми феврал идома хоҳад кард. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, дар суханрониаш дар брифинги рӯзи 31-уми январ гуфт, "Лавров пас аз сафари Бишкек ба Душанбе меравад".

Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст ва гардиши савдо миёни ду кишвар соли гузашта аз марзи 1 миллиард доллар убур кард.

"Мулоқоти Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар назар аст. Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ барои дидору мулоқот дар сатҳи олии ду кишварро бо назардошти нақши муҳими Тоҷикистон дар СПАД ва сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон, баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт ӯ.

Захарова ҳамчунон афзуд, дар ин сафари хеш Лавров ба ин кишвари шарик, масъалаи амнияти минтақавӣ, кумакҳо барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, аз ҷумла сарҳади ҷанубии кишвар бо Афғонистон, баррасӣ мешавад. Дар ин сафар, қарор аст, Лавров бо ҳамтои тоҷики хеш Сироҷиддин Муҳриддин барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2019 ба имзо расонанд.

Вафо Ниятбекзода, роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сафари маъмулии вазирони корҳои хориҷӣ дар аввали сол аст, ки ҳар сол сурат мегирад. Ба гуфтаи Ниятбекзода, тибқи одоби дипломатӣ, як сол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав меравад ва соли дигар вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе меояд.

Даврони мӯътадили муносибатҳои Душанбеву Маскав

Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия, дар масири сафари Лавров дар ҳафтаи аввали моҳи феврал, танҳо Душанбе нест. Балки вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунон ба Бишкек ва Ашқобод ҳам сафар хоҳад кард.

Даврзании Лавров дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Миёна, ки онро Русия минтақаи зери нуфузаш медонад, ҳодисаи ғайримаъмулие нест. Муносиботи Душанбеву Маскав ҳам даврони муътадилеро паси сар мекунанд, ки ягон чархиши чашмгире ба самти манфӣ ва ё мусбат ба назар намерасад.

Аммо коршиносон мегӯянд, Маскав аз Душанбеи расмӣ ҳамчун коршарики худ ҳанӯз ҳам интизор дорад, ки ба Иттиҳоди иқтисодии зери назари Русия ворид шавад ва барои бозгашти марбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дубора имкон диҳад. Ба ин манзур мақомдорони низомии рус дар мавриди ба сарҳади Тоҷикистон наздик шудани ин ё он гурӯҳи ифротӣ ва мусаллаҳ изҳороти ҳангомабарангез медиҳанд.

Ду рӯз қабл ҳам чунин як изҳорот аз забони Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия садо дод. Зубов дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии Вазорати умури дохилии кишвараш дар Тотористон иброз доштааст, ки ҷангҷӯёни ДИИШ "ба таври густурда бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд".

"Ба Тоҷикистон аз хориҷ хатарҳои ҷиддӣ таҳдид намекунад"

Алексей Малашенко, роҳбари пажӯҳишҳои институти "Муколамаи тамаддунҳо" дар Маскав гуфт, ин гуна изҳороти мақомдорони низомии рус беҳуда набуда, ҳадафи ниҳоӣ, бориз нишон додани ҳузури низомии Русия дар минтақа аст.

Алексей Малашенко, роҳбари институти “Муколамаи тамаддунҳо” дар Маскав.
Алексей Малашенко, роҳбари институти “Муколамаи тамаддунҳо” дар Маскав.

"Барои Русия ин гуна изҳорот хеле зарур аст. Чунки Русия дар Тоҷикистон бо ҳадафӣ сиёсӣ ва ҳарбӣ ҳузур дорад. Барои асоснок кардани ҳузури низомии худ, Русия доим талош мекунад, нишон диҳад, ки таҳдиду хатарҳое вуҷуд дорад ва танҳо Русия метавонад онро бартараф кунад. Чун агар хатаре ҳам нест, ҳузури низомии Русия маънои худро гум мекунад", - шарҳ дод ӯ.

Малашенко афзуд, як назар ба таърихи чанд соли охир кофист, дида шавад, ки ҳеҷ гуна як ҳодисаи ҳамла аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон сурат нагирифтааст. Баъзе кӯшишҳои хурду резае ба мисли интиқоли маводи мухаддир ба чашм мерасад, ки ин гуна ҳодисаҳо дар бисёр кишварҳо вуҷуд дорад.

"Ба назари ман, ба Тоҷикистон хатарҳои ҷиддӣ аз хориҷ таҳдид намекунанд. Баръакси он, хатарҳои дохилӣ вуҷуд доранд, ки аз вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бармеоянд. Ин хатарҳо ба назари ман ҷиддитаранд", - иброз дошт Малашенко.

Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст ва гардиши савдо миёни ду кишвар соли гузашта аз марзи 1 миллиард доллар убур кард. Бар илова, ҳудуди 1 миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия кор мекунанд ва тибқи иттилои охир, беш аз 22 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил доранд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG