Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 11 зодаи Осиёи Марказиро зиндонӣ кард


Додгоҳи ҳарбии Маскав 11 зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аз 6 то 18 сол зиндонӣ кард. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Ин афрод моҳи ноябри соли 2016 дар ҷараёни як амалиёти маъмурони ФСБ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дастгир шуданд.

Қасд доштанд, ки ҳамаи ҳамлаҳои худро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои интернетӣ пахш кунанд

Хадамоти амнияти федеролии Русия хабар дод, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 23-юми январи имсол содир шудааст. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, яке аз маҳкумшудаҳо аз Сурия омада, "ҳадафи онҳо ташкили ҳамлаҳои террористӣ ва куштори одамон дар маконҳои ҷамъиятӣ буд".

“Қасд доштанд, ки ҳамаи ҳамлаҳои худро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои интернетӣ пахш кунанд", - гуфтаанд мақомоти додгоҳ. Муфаттишон ҳам гуфтаанд, афроди маҳкумшуда омӯзиш ё тренинги амалиёти террористиро гузашта, силоҳ ва маводи тарканда доштанд.

Вебсайти “Грани.ру” бо такя ба матни қарори Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро нашр кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Давронбек Воҳидов, Мардонбек Воҳидови 34-сола, Шаҳбозҷон Исроилҷонови 25-сола, Толибҷон Мирзоҷонови 38-сола, Розибой Торақулови 50-сола ва Шӯҳратбек Эсанбоеви 25-сола ба 14 то 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, аз миёни онҳо "зоҳиран Мардонбек Воҳидов ба тӯлонитарин мӯҳлат маҳкум шудааст, чунки танҳо ӯ дар омӯзишҳои террористӣ ва убури ғайриқонунии марз" гунаҳкор шуда, маҳз ӯ метавонист аз Сурия ба Русия биояд. Ӯро шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд.

Дигарон - Инъомҷон Расулиллоев, Фазлиддин Қодиров, Беҳрӯз Маҳмудов, Маҳаммадҷон Фахриддин ва Умаров - ба мӯҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Соли 2016 нашрияи "Коммерсант" навишт, ки ҳафт нафари маҳкумшудаҳо дар Санкт-Петербург ба ҳайси ронандаи таксӣ ваё муҳофиз ва се нафари боздоштшуда дар Маскав дар як бозори сохтмон кор мекарданд.

Вебсайти "Фонтанка" менависад, ин афрод ба "ҳамлаҳои маргталабона" омодагӣ медиданд ва ҳадафи онҳо анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар марказҳои тиҷоратии "Галерея" ва "Академпарк" буд. Ба навиштаи ин вебсайт, маҳкумшудаҳо дар кӯчаи Софя Ковалевская дар Санкт-Петербург зиндагӣ карда, ба диско-бари Rex мерафтанд, бозиҳои компютериро дӯст медоштанд ва саҳифаи иҷтимоии худро дар интернет гардонандагӣ мекарданд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар Додгоҳи низомии Маскав 24-уми июли соли 2018 ва пушти дарҳои баста оғоз ёфт. Нашрияҳои русӣ мегӯянд, ФСБ дар амри таҳқиқу бозҷӯии парванда бо кумаки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон амал мекард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG