Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат азм дорад деҳотро "мисли шаҳр" кунад. ВИДЕО


Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, азм доранд, то камтар аз се соли дигар бо харҷи тақрибан 377 миллион сомонӣ деҳоту маҳаллаҳоро мисли "шаҳр" кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф беҳбуд бахшидан ба зиндагии миллионҳо нафар ва ё 70 дар сад аз аҳолии Тоҷикистон аст, ки бо маҳрумиятҳои зиёде дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Дар деҳаву русто ва ё маҳаллаҳое, ки аксарияташон аз шароити оддӣ барои зиндагӣ ба мисли шабакаи обрасонӣ ва дигар зербунёдҳои муносиби заруриро надоранд. Иҷрои барномаҳо барои дигар кардани рустоҳо аз имсол шуруъ мешавад.

Барномаи ободонии маҳаллаҳо дар Тоҷикистон замони Шӯравӣ низ роҳандозӣ шуд, вале бо оғози ҷанги дохилӣ аз байн рафт ва баръакс садҳо деҳа вайрону валангор шуд.

Кумитаи рушди маҳалҳо дар Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба эълон шудани солҳои 2019-2021 ба ҳайси "Солҳои рушди деҳоту сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", дар назар аст, дар шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо беш аз 20 ҳазор иншооту муассисаҳои гуногун сохта шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 2-юми январ бо имзои як фармон солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард.

Бо пули будҷа, сармоягузорон ва соҳибкорон...

Хол Қурбонзода, муовини аввали раиси ин кумита рӯзи 29-уми январ зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, онҳо нақша доранд, дар ин солҳо ҳаммому кошонаҳои ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва мактабу беморхона ва боғҳои фароғатӣ бисозанд, то мардуми деҳот аз шароити муносиби зиндагӣ баҳравар бошанд.

Ӯ гуфт, барои иҷрои ин корҳо барномаи хос доранд, ки давра ба давра амалӣ мешавад ва бунёду ободонии маҳаллаҳо дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад. Раиси Кумитаи рушди маҳал умедворӣ кард, ки тай ин се сол барои беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот корҳои зиёде анҷом меёбанд.

Хол Қурбонзода афзуд, ки маблағҳое, ки барои сохтмони иншоотҳо пешбинӣ шудаанд, аз буҷаи давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон сурат мегирад. Ба қавли вай, бештар аз, 272 ҳазор соҳибкоре, ки дар кишвар фаъолият доранд, метавонанд дар ободонии маҳаллаҳо саҳм гузоранд ва дар иваз "аз ҷониби мақомот ба ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ шаванд".

Зиндагӣ дар деҳа мисли шаҳр мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Деҳае бо даҳҳо мушкил дар канори Душанбе

"Агар чунин шавад, бисёр хуб аст",-мегӯяд, Рисолат Пӯлодова, сокини маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки се сол пеш аз Ҳисор ба инҷо кӯчидааст. Фикр кард, ки дар наздикии пойтахт шароити беҳтари зиндагӣ хоҳанд ёфт, вале хато кард.

Маҳаллаи Ориёно беш аз 500 хоҷагӣ дорад ва дар шимоли шаҳри Душанбе ҷойгир аст. "Фикр кардем зуд обод мешаваду фарзандонамон ба мактабу боғчаҳои хуб дастрасӣ пайдо мекунанд, лекин ҳеҷ не, ки ин ҷойҳои мо обод шавад. На об дорем, на мактаб дорем, на бунгоҳи тиббӣ" ,-гуфт ӯ.

Бо ишора ба роҳи деҳаашон гуфт, хушбахтона имрӯз ҳаво барфу боронӣ нест, вагарна дар инҷо роҳ гаштан ҳам намешуд. Агар касе бемор шавад, бо азоби зиёде задаву кӯфта ӯро ба шифохонаҳои Душанбе мерасонанд. "Аз ҳамсояҳои мошиндор хоҳиш мекунем, то ягон беморхонаи шаҳр барад, агар шавад хуб, лекин нашуд, дигар он тарафашро аз тақдирамон мебинем",- мегӯяд ӯ.

Сесолаи рушд Рисолатро умедвор кардааст

Деҳаашон бо вуҷуди наздикӣ ба пойтахт, шабакаи обрасонӣ надорад. Рисолат Пӯлодова, иброз дошт, ки як мошин обро, ки тақрибан як моҳ мерасонад, аз 150 то 200 сомонӣ мехаранд ва ин пул барои ӯ, ки соҳиби 5 фарзанд аст, кам нест.

Барои камтар кардани харҷ роҳҳои сарфаҷӯиро ҳам омӯхтаанд. Дар хонаашон чоҳе кандаанд, ки оби борон дар он ҷамъ мешавад ва онро на фақат барои ҷомашӯӣ истифода мекунанд. "Хӯрдани оби борон душвор аст, ба саломатии кӯдакон ҳам зарар дорад, лекин чӣ кор кунем",-мегӯяд, ӯ.

Дар маҳаллае, ки Рисолат Пӯлодова зиндагӣ мекунад, масҷиди маҳалларо, ки санад надошт, ба мактаб табдил доданд ва дар он хонандагон то синфи 4 таҳсил мекунанд.

Як духтараш дар синфи 3 дар ҳамин мактаб таҳсил мекунад. Рисолат аз он хушҳол аст, ки нерӯи барқи кофӣ доранд, вале пули кашидани хати барқро ҳам худашон пардохтаанд. "Барои ба маҳалла барқ овардан, қариб 1200 сомонӣ аз ҳар хоҷагӣ ҷамъ кардем, ҳар моҳ маблағи истифодаашро сари вақт месупорем",-гуфт, ӯ.

Рисолат Пулодова афзуд, хабари эълони рушди деҳотро аз телевизион шунидааст ва ҳар вақте бо ҳамсояҳояш як ҷо ҷамъ шаванд, дар ин бора сӯҳбатҳо мешавад, ки дар солҳои рушди деҳот чӣ беҳбудиҳое дар маҳаллаи онҳо мешуда бошад.

Миллионҳо доллар барои рушди маҳал

Ориёно ягона маҳаллае нест, ки сокинонаш аз вуҷуди камбуду мушкилиҳои зиёде шикоят мекунанд. Ин гуна маҳаллаҳоро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ёфтан осон аст. Дар Тоҷикистон 4 ҳазору 223 маҳалла вуҷуд дорад ва мақомот мегӯянд, ки зимни иҷрои барномаҳо, мушкилоти ҳамаи онҳоро ба инобат мегиранд.

Барномаи ободонии маҳаллаҳо дар Тоҷикистон замони Шӯравӣ низ роҳандозӣ шуд, вале бо оғози ҷанги дохилӣ аз байн рафт ва баръакс садҳо деҳа вайрону валангор шуд. Акнун барномаи дигари баландпарвозона иҷро мешавад, ки харҷи ҳангуфте барои он лозим аст.

Ҳоло маълум нест, ки ҳукумат миллионҳо долларро барои фароҳам кардани зиндагии шоистаи миллионҳо сокини деҳот дар Тоҷикистон аз куҷо хоҳад ёфт. Рисолату ҳамдеҳагонаш бояд ҳадди аққал се сол мунтазир бимонанд, то бубинанд, ки "Солҳои рушди деҳоту сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба деҳаи онҳо чӣ меорад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG