Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Трамп аз раҳбари мухолифини Венесуэла, ки худро президент эълон кард


Тарафдорони мухолифини Венесуэла
Тарафдорони мухолифини Венесуэла

Раҳбари мухолифин ва раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдо рӯзи 23-юми январ дар пайи эътирозҳои оммавӣ худро президенти муваққат эълон кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, "мардуми Венесуэла далерона бар зидди режими Мадуро садо баланд кард. Трамп пуштибонии худро аз Гуайдо баён дошт.

"Ассамблеяи миллӣ ҳамчун шохаи ягонаи қонунии ҳокимият ба Конститутсияи кишвар муроҷиат кард, ки ҳукумати Николас Мадуро ғайриқонунӣ эълон шавад", - омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ аз Николас Мадуро даъват кард, ки қудратро бо хоҳиши худ ба Гуайдо супорад.

Эътирозҳои оммавӣ бар зидди давраи дувуми президентии Николас Мадуро рӯзи 23-юми январ дар чанд шаҳри Венесуэла -- Каракас, Валенсия, Баркисимето, Маракай ва Сан-Кристобал оғоз шуданд. Дар эътирозҳо даҳҳо ҳазор нафари зери шиори "Озодӣ, озодӣ" иштирок карданд.

Мухолифон эътирозҳоро дар солгарди сарнагун шудани ҳукумати президенти пешин Перес Хименес баргузор карданд, ки соли 1958 сурат гирифта буд.

Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес рӯзи чоршанбе гуфт, эътирозҳоро ИМА ва олигархҳои кишвараш ташкил карданд. "Имрӯз олигархҳо аз империяи Амрико фармон ва дастур гирифтаанд, вале мо ватани худро ҳимоят мекунем", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG