Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари вазир рисолаи номзадиашро аз нав дифоъ мекунад


Акси Шоҳин Саидзода аз пойгоҳи "Диссернет"

Писари Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ хоҳад кард. Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам ва, бино ба иттилои пойгоҳи "Диссернет", аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум шуд.

Вақте як нафар аз навиштаҳои каси дигар иқтибос меорад, бояд ишора кунад. Ҳатто як калимаро бояд дар дохили нохунак гирифта, бигӯяд, ки аз кадом мақола ё асари илмӣ аст.

"Кораш хуб буд"

Масъулони Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳимояи рисолаи номзадии Шоҳин Саидзода рӯзи 12-уми апрели имсол баргузор мешавад. Мавзӯи рисолааш “Такмили қонунгузорӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ” аст.

Худи ӯ низ рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ омодагиашро ба ҳимояи дубораи рисолаи номзадӣ тасдиқ кард, вале нахост тафсилот диҳад.

Доктори илми ҳуқуқ Валиҷон Абдуҳамидов, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ба кори Шоҳин Саидзода баҳои мусбат дод. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “кораш хуб буд ва мо баъзе машваратҳои худро пешниҳод кардем.”

Аз дифои рисола то иттиҳоми "асардуздӣ"

Шоҳин Саидзода 35 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.

Саидзода бори аввал моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пойгоҳи “Диссернет” баҳори соли гузашта ӯро ба “асардуздӣ” муттаҳам намуд ва ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод, ки олими ҷавони тоҷикро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунад.

Масъулони “Диссернет” гуфтанд, матни кори илмии Шоҳин Саидзода бо номи "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз матни муҳаққиқони рус рӯйбардор шуда, фақат калимаи “Русия” бо “Тоҷикистон” иваз шудааст.

"Як калимаро, ки аз дигарон гирифтӣ, бояд дар даруни нохунак нависӣ"

Моҳи марти соли 2018 “Диссернет” навишт, ки дар ҷаласаи шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халҳқои Русия қазияи дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ ва қарори маҳрум кардани Саидзода аз унвони илмӣ қабул шуд.

Пойгоҳи “Диссернет” дар баробари Шоҳин Саидзода, даҳҳо нафари дигарро аз Тоҷикистон ба асардуздӣ муттаҳам кард. Дар миёни онҳо исми баъзе аз мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ва устодону масъулони донишгоҳҳои кишвар ҳам буданд.

Донишмандони собиқадори тоҷик мегӯянд, ҳодисаҳои асардуздӣ ба кор ва обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи навро дар илми тоҷик бигӯянд.

Мамадшо Илолов
Мамадшо Илолов

Мамадшо Илолов, президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, асардуздӣ ё плагиатро “амали ғайриахлоқӣ” номид. Вай рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вақте як нафар аз навиштаҳои каси дигар иқтибос меорад, бояд ишора кунад. Ҳатто як калимаро бояд дар дохили нохунак гирифта, бигӯяд, ки аз кадом мақола ё асари илмӣ аст. Баъдан нафаре метавонад кори илмӣ нависад, ки донишгоҳро бо баҳои чаҳор ва панҷ хатм кардааст.”

"Чораҳои сахт андешида шавад"

Илолов аз омили дигаре мисли доштани унвони илмӣ ҳангоми гирифтани мансаби давлатӣ нигаронӣ кард, ки ба як муд табдил ёфтааст. Ба андешаи донишманди тоҷик, бояд нисбат ба онҳое, ки дар воқеъ зимни таълиф “асардуздӣ” мекунанд, чораҳои сахт андешида шавад ва ба амали онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо диҳанд.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.

То ду соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссия пешниҳод кунанд.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG