Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ - зери заррабини “Диссернет”


Шермамад Ҷонмамадов
Шермамад Ҷонмамадов

Пойгоҳи интернетии “Диссернет” Шермамад Ҷонмамадов, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва доктори улуми иқтисодро ба “асардуздӣ” муттаҳам кард. Ин пойгоҳ рӯзи 12-уми май дар хулосаи худ навишт, Ҷонмамадов соли 2011 ҳангоми дифои рисолаи докториаш матнҳоро аз китоби баъзе донишмандони рус рӯйбардор карда, барои мисол, Русияро ба Тоҷикистон ва “теневая экономика” (иқтисоди сиёҳ)-ро ба “неформальная экономика” (иқтисоди ғайрирасмӣ) иваз намудааст.

Ҷонмамадови 61-сола аз соли 2014 боз раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аст. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ гуфта шудааст, ки муаллифи беш аз панҷоҳ мақолаи илмӣ ва методӣ ба забонҳои тоҷикиӣ ва русист.

Як рӯз пештар “Диссернет” Хайрулло Ғафуров, муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро низ ба “асардуздӣ” муттаҳам карда буд.

Тайи як моҳи охир "Диссернет" – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дода, исми 34 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудааст.

Бархе донишмандон мегӯянд, чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар оғози моҳи май бо нашри як баёния гуфт, иддаои пойгоҳи “Диссернет” “заминаи ҳуқуқӣ ва илмӣ” надоранд. Вазорати маориф ва илм ҷиҳати санҷиши иддаои "Диссернет" як гурӯҳи корӣ таъсис дода буд ва пас аз санҷиш ин гурӯҳ, вазорат ба чунин хулоса расидааст.

XS
SM
MD
LG