Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бачаҳои" Диссернет


Фурӯши реферат ва ё корҳои мустақили эҷодӣ дар мағозаю марказҳои китобфурӯшӣ ва бархе марказҳои интернетии шаҳри Душанбе ба як бозори гарм табдил ёфтааст.

Реферат, ки як кори амалии эҷодист ва ҳар донишҷӯ бояд мустақилона сари он кор кунад, ҳоло бидуни мушкил бар ивази маблағ дар мағозаҳои Душанбе дастрас шудааст.

Дар фурӯшгоҳи “Ҷаҳони китоб”, ки наздикии маркази тиҷоратии “Садбарг” ва рӯ ба рӯи корпуси ҳаштуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, рефератҳо то 20 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Мавзӯи ҳар реферат ҳам махталиф аст: конститутсия, об, сулҳу ваҳдат, меҳнатдӯтӣ, ватан, модар ва ғайра матолибе, ки дар барномаи дарасӣ тақозо мешавад.

20 сомонӣ барои кори омодаи таҳқиқотӣ

Дар миёни афроде, ки исмашон ба ҳайси номзади илму доктори фаннҳои «тақаллубӣ» фош шуд, бархе мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ҳам буданд

Рефератро ҳам мешавад ба забонҳои тоҷикӣ ва ҳам русӣ дастрас кард. Фурӯшандаи як дӯкони дохили ин мағоза, ки дар баробари дафтару қалам ҳамчунин ба рефератфурӯшӣ машғул аст, гуфт, ки асосан муштариёни ӯ хонандагони макотиби миёна ҳастанд, вале гоҳе донишҷӯён ҳам барои пайдо кардани мавзӯи мавриди назари худ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ӯ гуфт, ки арзиши 20 сомонӣ бо назардошти шумораи саҳифа ва дигар меҳнате, ки барои омода кардани он сарф мешавад, гузошта шудааст:

“Коғазашро харидан даркор, интернет гуфтанӣ гап аст, ҳозир замона пеш рафтагӣ, чӣ хеле, ки як чизро аз бозор мехарӣ, инро низ мехарӣ”. Дар назикиҳои ин мағоза, дар роҳи зерзаминӣ ва болотар аз он дар мағозае бо номи “Олами китоб” низ савдои реферат роҳандозӣ шудааст. Дар ду маркази интернетии маҳаллаи Гулистон низ гуфтанд, ки бар ивази маблағ ба хоҳишмандон реферат омода мекунанд.

Дар як дукони роҳи зеризаминии назди бозори “Саховат” тоҷире, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ рефератҳоро аз як маконе аз бозори “Корвон” дастрас мекунад ва ҳамагӣ чанд дирам болояш мемонад: “Ба ҳар касе лозим бошад меорем. Хонандагон, баъзан муаллимон низ омада аз ҳамин ҷо мехаранд”.

Дар мағозаи китоби назди Театри ҷавонон нафаре, ки ба рефератфурӯшӣ машғул аст, иброз дошт, ки рӯзе то 30 муштарӣ маҳз барои харидани рефератҳои омода муроҷиат мекунанд. Ӯ иброз дошт, ки савдои реферат асосан дар назди донишгоҳҳо рушд кардааст. Як омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки харидани реферат аз чунин маконҳо миёни донишҷён низ воқеият дорад: “Боз ҳамин донишҷӯёне, ки ғоибона мехонанд, зиёд таваҷҷӯҳ мекунанд ба ин ҷойҳо”.

"Чизи тайёрро мебинанду мехаранд"

Гулрухсор, модари як хонандаи синфи 4 мегӯяд, ба фарзандаш ду маротиба навиштани реферат супориш шуд аз ҷониби омӯзгоронаш, рафта реферати тайёрро харида, пешкаши муаллимонаш кардааст, ки ӯ низ аз ин амали фарзандаш розӣ нест. Гулрухсор парвардаи низоми таълими шӯравӣ буда, медонад, ки сари ҳар дарсу супориши мактабӣ шогирд бояд мустақилона кор кунад:

“Дар фурӯш, ки монданд, хайр, акнун мехаранд. Мо низ мехоҳем, ки худашон меҳнат карда нависанд, лекин чизи тайёрро мебинанду мехаранд”.

Бозори гарми фурӯши реферат дар пойтахт дар ҳолест, ки Муҳаммадалӣ Азизӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ аз фурӯши реферат дар дӯкону мағозаҳо хабар надорад ва агар ин воқеият дошта бошад, ин кор комилан нодуруст аст. Азизӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ин масъаларо ҳатман пайгирӣ ва мавриди санҷиш қарор медиҳанд: “Реферат кори мустақилонаи хонанда аст ва хонанда худаш мавзӯеро, ки устод супориш медиҳад, вобаста ба он бояд омода кунаду гузориши ҳамон мавзӯъро дар назди устод иҷро кунад».

Муҳаммадалӣ Азизӣ гуфт, асосан дар доираи барномаҳои таълимӣ реферат ва ё корҳои мустақилона аз синфи 5 боло ба хонандагон супориш дода мешавад. Наргис Юлдошева, директори мактаби 28-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ фурӯши рефератҳоро дар баъзе маконҳо мушоҳида кардааст, аммо зидди он аст, ки хонандагон аз ин гуна рефератҳо истифода баранд:

“Бигузор дастнавис карда биёранд, лекин аз ин гуна рефератҳои тайёр нахаранд. Мо бубинем, ки бача чизи тайёрро овардааст, ҳатман бармегардонем, бигузор худашон меҳнат кунанд, эҷод кунанд”.

Масъулини маориф мегӯянд, ки навиштани реферат ё як кори хурди илмӣ дар як мавзӯи мушаххас ҳам бахши муҳими ҷараёни таълим аст ва ҳар муаллиф бояд аз роҳи ибрози андеша дар чунин корҳо таҳқиқоти худро анҷом диҳад, мавзӯъро аз манобеи мухталиф биомӯзад ва андешаҳои худро рӯи коғаз оварад.

Фардои илм чӣ мешавад?

Дар ҳолати осон дастрас будани чунин корҳои таҳқиқотӣ, пешрафти зеҳниву ақлии хонанда ҳам кунд мешавад ва ба рушди ӯ зиёновар мешавад.

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фурӯши реферат худ як ҷиноят аст ва ин падида насли мактабхонро ба бесаводӣ бурда мерасонад. “Яъне ҷое, ки инсон бояд заҳмат бикашад, барои пешбурди донишу маҳораташ машғулят барад, чизи тайёрро мехарад ба мактаб мебарад. Дақиқан маълум аст, ки устоде, ки ҳамин гуна рефератҳоро қабул мекунад, медонад, ки онро хонанда худаш нанавиштааст».

Пешниҳоди корҳои илмии тақаллубӣ ваё ба забони мардум «дуздӣ», ба бовари ҳамсӯҳбатони мо, монеи рушди тафаккури таҳлиливу танқидии шогирдон мешавад ва онҳо аз хурдӣ ба тақаллуб одат мекунанд, ки барои рушди илм ва таҳқиқот дар кишвар зарба мезанад. Ин дар ҳолест, ки интиқодҳо аз сатҳи андешаронӣ, баёни фикр ва иншонависии шогирдони мактабҳои тоҷик зиёд интиқод мешавад. Намунаи барҷастаи он – фош шудани исми пажӯҳишгаронест, ки даст ба рисоладуздӣ задаанд.

То чанд моҳи пеш дар паи фошкориҳои вебсайти “Диссернет” рисоладӯздӣ ё рисолахарию рисолафурӯшӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои доғи расонаҳои кишвар буд. Дар миёни афроде, ки исмашон ба ҳайси номзади илму доктори фаннҳои «тақаллубӣ» фош шуд, бархе мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ҳам буданд. Ба иттилои коршиносон, ин рисолаҳо низ зоҳиран аз донишмандони варзидаи дигар нусхабардорӣ шудаанд.

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз одат шудани дуздии асар дар зеҳни насли наврас, омӯзгорони мактабҳо ҳам бояд аз "Диссернет"-и худ кор гиранду ҳар як реферати таҳияшударо аз санҷиши интернет гузаронанд. Дар ин сурат, шогирд дар синни хурд ва ҷавон иштибоҳи худро дарк карда, фардо, ки бузург шуд, ҳеҷ гоҳ ба "тақаллуби калон" даст намезанад.

XS
SM
MD
LG