Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Диссернет" раиси Хатлонро ба асардуздӣ муттаҳам кард


Давлатшоҳ Гулаҳмадзода
Давлатшоҳ Гулаҳмадзода

Пойгоҳи “Диссерент”, ки зидди тақаллубкорӣ ва плагиат матлаб нашр мекунад, Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлонро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Гулаҳмадзода, ки аз соли 2013 раиси вилояти Хатлон аст, соли 2009 дар мавзӯи “Идораи раёсати заминдорӣ дар минтақаи дорои захираи фавқулодаи корӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Номзади илмҳои иқтисодист.

Қаблан пойгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро, ки аз соли 2010 то 2017 дар риштаҳои гуногун рисолаи илмӣ навишта, аз ВАК-и Русия унвони илмӣ дарёфт кардаанд, ба асардуздӣ айбдор карда буд.

Пойгоҳи интернетии “Диссерент” бо муқоисаи пораҳо аз навиштаи кори илмии Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ва панҷ олими тоҷику рус гуфт, кори илмӣ бар пояи дуздӣ ва рӯбардоркунӣ навишта шудааст. Ҳамчунин, муҳаққиқон навиштаанд, ки раиси вилояти Хатлон дар кори илмии худ фаровон аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Ёвари раиси вилояти Хатлон рӯзи 3-юми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “феълан раис бо кор банд аст. Ин дурӯғу буҳтон аст. Воқеият надорад. Баъди 9 сол рӯ задани ин мавзуъ, кори бадхоҳон аст”.

Қаблан пойгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро, ки аз соли 2010 то 2017 дар риштаҳои гуногун рисолаи илмӣ навишта, аз ВАК-и Русия унвони илмӣ дарёфт кардаанд, ба асардуздӣ айбдор карда буд. Аз ин гуруҳ рисолаи ду олими тоҷик - Зафар Тайфуров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Назрулло Амиров - доктори илмҳои иқтисодӣ ва намояндаи мардумӣ дар порлумони шаҳри Душанбе, бар пояи шикояти ин ҷамъият дубора мавриди муҳокима қарор гирифт.

Донишмандони тоҷик аз шумори онҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ғарбӣ рисолаи илмиро дифоъ кардаанд, мегӯянд, фанновариҳои нав асардуздиро зуд ошкор мекунанд ва олимони тоҷик бояд дар ин робита хеле ҳушёр бояд бошанд.

То як соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис дод. Олимон ҳамакнун имкон доранд рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссиюн пешниҳод кунанд.

Дар ин бора бештар бихонед:

Панҷ донишманди тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам карданд

XS
SM
MD
LG