Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 миллиард еврои Олмон ба Узбекистон сарозер мешавад


Узбекистон ва Олмон барои амалӣ намудани барномаву лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо арзиши 8 миллиард евро ба тавофуқ расиданд. Дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар нишасти матбуотии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел хабар дода шуд.

Мирзиёев нахустин бор дар мақоми президенти Узбекистон бо як сафари серӯзаи расмӣ ба Олмон сафар кардааст. Дафтари матбуоти президенти Узбекистон гуфт, ки тавофуқ дар заминаи татбиқи лоиҳаҳои бисёрмиллиардӣ дар ҷараёни форуми тиҷоратии Узбекистону Олмон ҳосил шудааст, ки дар остонаи сафари Мирзиёев дар Берлин баргузор шуд. Ин лоиҳаҳо бахши сармоягузорӣ ва ҳам рушди фанновариҳои навинро дар бар мегиранд.

Дар мақоми нави худ Мирзиёев даст ба чанд ислоҳот зад. Ҳомиёни ҳуқуқ умедвор ҳастанд, ки дар Узбекистон ба таҷрибаҳои талхи истифода аз шиканҷаву поймолкунии ҳуқуқи инсон хотима медиҳанд.

Мавзӯи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву молӣ инчунин рӯзи 22-юми январ дар Мюнхени Олмон ҳам матраҳ мешавад. Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, қарор аст дар рӯзи дуюми дидору гуфтугӯҳо дар Олмон, Мирзиёев бо намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони минтақаи Бавария мулоқот кунад.

Меркел: "Мехоҳем ҳамкори боэътимод бошем"

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки баъди як инзивои нисбатан тӯлонии кишвараш ба Олмон сафар кардааст, гуфт, хостори ин аст, ки равобити Тошканд бо Берлин ба сатҳи "комилан нав ва баланд" бирасад.

Ин нуктаро Мирзиёев шоми 21-уми январ дар мулоқоташ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва дигар раҳбарони ин кишвар баён кард. Раҳбари Узбекистон изҳори умедворӣ кард, ки сармояҳои олмонӣ ба ин кишвар сарозер шуда, ҳамкориҳои фаннӣ ҳам тавсеа меёбанд.

Аз ҷониби худ Меркел гуфт, ки мехоҳад "Олмон як ҳамкори боэътимоди Узбекистон" бошад. Дар нишасти хабарии муштараки Мирзиёев ба Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, "мо барои тавсеаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар имкониятҳои зиёд дорем".

Мирзиёеё дар пайи ислоҳот дар Узбекистон

Мирзиёев дар аҳди президенти собиқ ва худкомаи Узбекистон Ислом Каримов муддати зиёд дар мақоми раиси ҳукумат ё нахуствазир кор кардааст. Баъди марги Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 Мирзиёев дар интихобот пирӯз шуд ва аз пайи эҷоди равобити беҳтар бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистон гардид.

Яке аз ҳадафҳои аслии ӯ -- таъмини пешрафти иқтисодии кишвари дорои 30 миллион ҷамъият мебошад. Дар мақоми нави худ Мирзиёев даст ба чанд ислоҳот зад. Ҳомиёни ҳуқуқ умедвор ҳастанд, ки дар Узбекистон ба таҷрибаҳои талхи истифодаи шиканҷаву поймолкунии ҳуқуқи инсон хотима меёбад.

Моҳи майи соли 2018 раҳбари минтақавии барномаҳои Amnesty International Мари Струзерс гуфт, ки "бархе иқдомҳои мусбати мақомот, ки дар давоми 18 моҳи охир гирифта шудаанд, дилгармкунанда ҳастанд", вале "боз ҳам барои пурра хотима додан ба нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар гузашта хеле зиёд мушоҳида шудааст, бояд кори бисёре анҷом шавад".

Нӯҳ санади ҳамкорӣ миёни Олмону Узбекистон

Шавкат Мирзиёев бо президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер.
Шавкат Мирзиёев бо президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер.

Дафтари матбуоти президенти Узбекистон хабар дод, ки Мирзиёев ва Меркел ҳамкориҳо дар бахши сиёсату амният, тиҷорат, технология ва сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангро баррасӣ карданд. Дар хабар инчунин омадааст, ки Меркелу Мирзиёев зери нӯҳ санаде имзо карданд, ки марбут ба ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, тиҷорат, молия, маориф, илм ва инноватсия мебошад.

Мирзиёев гуфт: "Узбекистон ба як муколамаи созанда дар бахши таъмини ҳуқуқи инсон ва озодиҳо ва ҳам шаффофтар шудани низоми мудирият ва решакан кардани фасод дар кишвар омода аст". Ҳарду раҳбар гуфтанд, ки барои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ омода мебошанд.

Рӯзи 21-уми январ Мирзиёев инчунин бо президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер ва президенти Бундестаг Волфганг Шаубле дидору мулоқот кард. Сафари Мирзиёев ба Олмон шоми 22-юми январ ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG