Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон муҷаввизи "Моҳон эйр"-и Эронро бекор кард


Вазири умури хориҷии Олмон мегӯяд, бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти ширкати ҳавопаймои "Моҳон"-и эронӣ дар он кишвар, "аз назари амниятӣ, зарурӣ аст".

Ӯ айни замон таъкид кардааст, ки назари кишвараш ба созиши атомӣ бо Эрон тағйир накардааст ва Берлин ҳамчунон аз пуштибонҳои ин тавофуқ мебошад.

Чаро Олмон ба "Моҳон" иҷозаи фаъолият надод?

Тақрибан 7 сол пеш Амрико ин ширкати "Моҳон"-ро бинобар ироаи "хадамот ба нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорон" ба феҳристи таҳримҳои худ шомил кард.

Олмон рӯзи душанбеи 21-уми январ иҷозатномаи фаъолияти ширкати ҳавопаймоии "Моҳон"-ро дар он кишвар бекор кард. Як мақоми баландпояи ҳукумати Олмон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ин иқдом "ҳам бинобар масоили амниятӣ" ва "ҳам ба хотири шакку тардид нисбат ба истифода аз ин ширкати ҳавопаймоии эронӣ барои аҳдофи низомӣ", гирифта шудааст.

Амрико аз ин иқдоми Олмон истиқбол кардааст. Ширкати ҳавопаймоии "Моҳон" ҳанӯз вокунише ба лағви иҷозатномаи фаъолияти худ дар Олмон, нишон надодааст. Мақомҳои эронӣ низ ҳанӯз изҳори назаре дар ин бора ироа накардаанд.

Ҳайко Маас, вазири хориҷии Олмон.
Ҳайко Маас, вазири хориҷии Олмон.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ҳайко Маас, вазири хориҷии он кишвар дар Бруссел гуфтааст, бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти ширкати "Моҳон" таъсире ба ҳимоят аз созиши атомӣ бо Эрон надорад. Оқои Маас гуфтааст, ки ин созишнома ҳамоно барои кишвараш аҳамияти вижа дорад.

Вазири умури хориҷии Олмон дар идома гуфтааст, "ин як тасмими зарурӣ буд, зеро масъалаи амнияти Олмон дар миён буд". Ӯ ҷузъиёти дақиқе дар мавриди масоили амниятӣ ироа накарда ва гуфтааст, кишвараш дар баробари "таҳаввулоти маврид ба маврид", аз ҷумла ҳимоят аз терроризм ва харобкорӣ, "вокуниши муносиб" нишон хоҳад дод.

Боздошти як афғонтабор барои ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Хабаргузории Олмон дар айни ҳол ба ин мавзӯъ ишора кардааст, ки бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти ширкати "Моҳон" чанд рӯз пас аз боздошти фарде бо номи "Абдулҳамид", мутарҷим ва мушовири фарҳангӣ дар артиши Олмон ба гумони ҷосусӣ барои Эрон, сурат гирифтааст.

Фарди боздоштшуда, ки афғонтабор аст, ба гуфтаи Додситонии кулли Олмон, "коршиноси забон ва мушовири умури фарҳангӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Олмон будааст ва эҳтимол дорад, ки маълумотеро ба як ниҳоди истихборотии Эрон дода бошад".

Вазорати умури хориҷии Эрон ин иттиҳомҳоро радд карда ва мегӯяд, фарди боздоштшуда ҳеҷ гуна иртиботе бо Эрон надорад ва ҳадаф аз гузоришҳои мунташиршуда дар мавриди ӯ, "вайрон кардани робитаҳои Эрон ва Аврупо" аст.

Таҳаввулот дар равобити Аврупо бо Теҳрон?

Албатта дар рӯзҳои ахир гузоришҳое аз кишварҳои аврупоӣ дар мавриди бархе иқдомоти Ҷумҳурии исломӣ мунташир шудааст. Дания дар моҳи декабр вазорати амнияти Эронро муттаҳам кард, ки қасди террори аъзои "Ҷунбиши Аҳвоз" дар хоки он кишварро доштааст.

Сипас вазири умури хориҷии он кишвар аз тавофуқ дар Иттиҳодияи Аврупо барои ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи яке аз ниҳодҳои ҷосусии Эрон хабар дод. Ҳоланд низ ҳудуди ду ҳафта қабл эълон кард, ки Эрон дар тарроҳии ду ҳамла дар он кишвар даст доштааст.

Лағви иҷозатномаи фаъолияти ширкати эронии "Моҳон" бо истиқболи Амрико рӯбарӯ шудааст. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз кишварҳои муттаҳиди ИМА хост, то аз ин иқдоми Берлин пайравӣ кунанд. Сафири Амрико дар Берлин низ ба хабаргузории Олмон гуфтааст, ки ин иқдоми Олмон "нишондиҳандаи як раҳбарии шоиста аст."

"Моҳон" дар феҳристи таҳримҳои Амрико

Ширкати ҳавопаймоии "Моҳон" ҳудуди 26 сол қабл дар шаҳри Кирмони Эрон таъсис шуд. Тақрибан 7 сол пеш Амрико ин ширкатро бинобар "хадамот ба нерӯҳои Қусди Сипоҳи посдорон" ба феҳристи таҳримҳои худ шомил кард.

Дар он вақт вазорати молияи Амрико гуфта буд, "ҳамкории наздики "Моҳон эйр" бо нерӯҳои Қудс барои интиқоли силоҳ, нерӯ ва кӯмакҳои молӣ аз тариқи парвозҳояш, баёнгари чеҳраи дигаре аз талошҳои густурдаи Сипоҳи посдорон барои нуфуз дар бахшҳои тиҷоратии Эрон барои мусоидат ба терроризм аст."

Ҷумҳурии исломӣ иттиҳоми воридшуда ба "Моҳон" дар мавриди интиқоли силоҳ ва нерӯро радд кардааст. Ду сол қабл намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид иттиҳоми истифода аз ин ҳавопаймо барои фиристодани силоҳ ба кишварҳое монанди Лубнонро "пуч ва пур аз дурӯғ" хонда буд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG