Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муҳофизи Зеленскийро ба гумони сӯиқасд ба ҷони ӯ ҳабс кардаанд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки ду сарҳанги Раёсати муҳофизати давлатиро ба гумони омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷони президенти Украина Владимир Зеленский ҳабс кардааст.

Ба иттилои мақомоти иктишофии Украина, сӯиқасд аз сӯи хадамоти махсуси Русия таҳия мешуд.

Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, сарҳангҳои боздоштшуда шомили шабакаи агентҳои Хадамоти федеролии амнияти Русия буданд, ки ин шабака қатли Зеленский ва дигар роҳбарияти олии сиёсиву низомии Украинаро омода мекарданд.

XS
SM
MD
LG