Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти занаш ба қатл расидааст


Як зани 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, наздикии шаҳри Душанбе, бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, ин зан зодаи шаҳри Душанбе буда, муваққатан дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мезист, вале аз ӯ ному насаб бурда нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи қатли шавҳар ба дасти зан соати ёздаҳи шаби 10-уми январ иттифоқ афтодааст. “Зан бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 дафъа ба тарафи чапи баданаш задааст”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, мард ҷароҳати вазнин бардошта дар пайи хунрезии зиёд дар бемористон ҷон додааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиши қазия идома дорад.

Солҳои охир куштори ҳамсарон ба дасти якдигар афзудааст. Сабаби чунин ҳолат баҳси молӣ, рашку хиёнат ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG