Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боми як хона дар Душанбе ба сари иҷоранишонҳо фурӯ рехт. ВИДЕО


Шоми 4-уми январ Санавбар Шерова ва се фарзанди ноболиғи ӯ аз як фалокат ҷон ба саломат бурданд. Боми хона ба сари ӯву кӯдакон фурӯ рехт, вале модар тавонист дар фурсати кӯтоҳ як-як ҳамаро берун кашад. Кӯдакони Санавбар Шерова, сокини кӯчаи Сарези шаҳри Душанбе, аз 4 то 12-солаанд.

Ногоҳ бом ҷунбиду ба сарамон афтод. Ҳама ҷо пури хок шуд, дигар дида натавонистем. Баъд модарам тирезаро шикаста, моро ба берун баровард.

Боми манзили иҷора замоне фурӯ рафт, ки ӯ ва се фарзанди хурдсолаш дар дохили хона танҳо буданд. "Аз нонпазӣ омадам, намозамро хондаму бо кӯдакҳо нишаста будем, ки як садо баланд шуд. Хостам кӯдаконро гирифта, то пеши дар равам, ки бом пурра дар болои мо рехт. Хестаму тирезаро шикастам, дастам бурида шуд ва ба кумак фарёд кардам. Баъд омада, дарро кушоданду кӯдаконро наҷот додем", - нақл кард ӯ рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Боми як хона дар Душанбе ба сари иҷоранишонҳо фурӯ рехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

"Омада гуфтанд, ки хуб аст, ҳеҷ гап намешавад"

Санавбар Шерова бо шавҳару фарзандон дар ин хона иҷоранишин аст. Бо сабаби нисбатан арзон будани хона ду моҳ пеш ҳамроҳ бо шавҳару фарзандон дар он зиндагӣ ихтиёр карданд.

Мегӯяд, эҳсос мекард, ки хона дар ҳолати садамавӣ аст, чун баъзан боми он меларзид. Ӯ соҳибхонаро ҳам аз ин вазъ огоҳ карда будааст. Ба қавли Шерова, "омада диданду гуфтанд, ки хуб аст, ҳеҷ гап намешавад. Вале худам ҳар рӯз дар кор дар ташвиш будам. Кӯдаки калониро таъкид мекардам, ки хурдиҳоро эҳтиёт кунад, то болои сарашон бом чаппа нашавад."

Бо вуҷуди онки ҳама ҷиҳозу либоси Санавбар Шерова ва фарзандонаш зери хоку лой монд ва худи ӯ дасташро захмӣ кардааст, аз он шод аст, ки фарзандонаш осеб надиданд. Замоне ки боми хонаи иҷораи онҳо фурӯ рехт, дар кӯча борон меборид.

Соҳибхона нахост, чизе гӯяд

Муҳаммади 12-сола, фарзанди калонии Санавбар Шерова дар соатҳои аввали баъди ҳодиса дуруст суҳбат карда наметавонист, тарсида буд ва ашк мерехт. Муҳаммад гуфт: “Ногоҳ бом ҷунбиду ба сарамон афтод. Ҳама ҷо пури хок шуд, дигар дида натавонистем. Баъд модарам тирезаро шикаста, моро ба берун баровард. Ҳама чиз пури хок шуд”.

Санавбар фаррош ва шавҳараш усто аст. Волидон аз замони таваллуди Муҳаммад дар шаҳр зиндагӣ карда, аз як хона ба хонаи дигар “мекӯчанд”. Хонаи охирине, ки онҳо ба хотири нархи арзонаш интихоб карданд, сохти солҳои 1980-ум аст.

Соҳибхона, ки дар баробари хонаводаи Санавбар Шерова дар ин ҳавлӣ иҷоранишинҳои дигар ҳам дорад, дар робита ба ин ҳодиса нахост сӯҳбат кунад. Баробари рух додани ҳодиса соҳибхона барои онҳо утоқи дигареро пешниҳод кард, ки шабро дар он ҷо рӯз кунанд. Ҷойи баъдии зисти онҳо дигар норӯшан аст.

Мисли ин хонавода, ҳоло дар Душанбе оилаҳое зиёданд, ки ба хотири нархи арзон дар манзилҳои кӯҳнаву садамавӣ иҷора менишинанд ва сар задани чунин ҳодисаҳо дар рӯзҳои барфу боронӣ дар ин хонаҳо аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG