Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консул: "Ҷустуҷӯи модар ва се кӯдаки тоҷик аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта идома дорад"


Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани се кӯдаки тоҷик бо модарашон аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар Магнитогорск идома дорад.

"Ҷустуҷӯ боэҳтиёт идома дорад"

Сафар Сафаров, консули Тоҷикистон дар Екатеринбург рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз аст, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад ва омодаанд, ки ба шаҳрвандони зарардидаи Тоҷикистон кӯмакҳои заруриро расонанд.

Дар вилояти Челябинск имрӯз, 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст. Мақомот машварат додаанд, ки ҳамагуна барномаҳои тафреҳӣ лағв карда шаванд.

Фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух дод. Дар пайи он шаҳрванди Тоҷикистон Шӯҳрат Улфатови 28-сола аз зери харобаҳо зинда пайдо шуд, аммо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғи ӯ беш аз ду рӯз аст, ки дар зери харобаҳо ҳастанд.

Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург рӯзи 2-юми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои ҷустуҷӯи дар бинои фурӯрафта боэҳтиёт идома дорад. Чун ба қавли ҷаноби Сафаров, хатари афтидани дигар қисматҳои бино зиёд аст ва ба ин хотир, наҷотдиҳандагон корҳоро эҳтиёткорона пеш мебаранд.

Наҷоти як оилаи дигари тоҷик

Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамчунин гуфт, дар он қисмати бино, ки фурӯ рафт, ду оилаи тоҷик зиндагӣ мекарданд, ки хушбахтона як оила пурра наҷот дода шуданд. Ба қавли ҷаноби Сафаров, оилаи ҳафтнафараи Маҳмадрозиқ Самиев бо фарзандонаш тариқи кран саломат берун оварда шуданд.

Ин се кӯдаки тоҷик дар зери харобаҳои ин бинои фурӯрафта мондаанд.
Ин се кӯдаки тоҷик дар зери харобаҳои ин бинои фурӯрафта мондаанд.

"Мо ҳамроҳи онҳо вохӯрда сӯҳбат кардем, аҳволашон хуб ҳаст. Аз аҳволи Шӯҳрат Улфатов ҳам дар беморхона хабар гирифтем. Ӯ ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии беморхона аст ва табибон гуфтанд, ки умед аст вазъаш имрӯз беҳтар шавад",-гуфт консули Тоҷикистон.

Сафар Сафаров ҳамчунин мушкили ҳуҷҷат доштани Шуҳрат Улфатовро рад кард ва гуфт, табибон ба хулосае омаданд, ки ӯро дар беморхонаи Магнитогорск табобат кунанд. Қаблан наздикони Улфатов гуфта буданд, ки бинобар зери хароба мондани ҳуҷҷатҳои ӯ, наметавонанд ӯро барои муолиҷа ба дигар шаҳр интиқол бидиҳанд. Аммо ҳоло консули Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин мушкил вуҷуд надорад ва дар ҳолати зарурат омодаанд, ки барои Улфатов санадҳои заруриро таҳия кунанд.

Дар ҳамин ҳол пайвандони Шуҳрат Улфатов аз ҷараёни, ба гуфтаи онҳо, кунди амалиёти ҷустуҷӯ розӣ нестанд. Исматулло Афғонов, тағои Шӯҳрат Улфатов, рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то нимарӯзи 31-уми декабр аз зери вайронаҳо садои одамон ба гӯш мерасид, вале ҳоло "гум шудаанд".

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст.

Афғонов, ки аз ҷойи ҳодиса бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, имдодгарон феълан бетони айвонҳои овезонро мебуранд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, то ҳол тақдири Раҷабмоҳ Улфатоваи 24-сола, Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола норӯшан аст. Онҳо қариб се рӯз боз дар зери хароба ҳастанд ва хешовандон эҳтимоли зинда буданашонро аз эҳтимол дур медонанд.

"Аламшо талош кард кӯдаконро берун биорад..."

Шӯҳрат Улфатов ҳамроҳ бо оилааш дар ошёнаи 4-уми ин бино зиндагӣ мекард. Шӯҳрату ҳамсараш ҳаққи иқомати Русияро доштаанд, вале фарзандонашон шаҳрвандии Русияро доранд. Исматулло Афғонов, тағои Шӯҳрат, мегӯяд, Аламшо талош кардааст, ҷияни ӯро наҷот диҳад, аммо дар ин ҳолат худаш ҳам дар дохили бино дармемонанд.

"Аламшо вақте мехоҳад Шӯҳратро наҷот диҳад, Шӯҳрат ба ӯ мегӯяд, ки кӯдаконам дар роҳрави бино ҳастанд, аввал онҳоро наҷот деҳ. Аламшо мехоҳад ба ошёнаи 6-ум барояд, ки нохост бино пурра фурӯ меравад ва худаш ҳам дармемонад”, - гуфт Афғонов.

Тибқи иттилои ахирин Аламшо, шаҳрванди тоҷиктабори Узбекистон мебошад.

"Дар миёни маргу зиндагӣ будем"

Шоҳидон ва онҳое, ки дар лаҳзаҳои сар задани ҳодиса дар дохили бино буданд мегӯянд, зинда монданашон як муъҷиза аст.

Маҳмадрозиқ Самиев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳамсар ва панҷ узви оилааш дар бинои фурӯрафта зиндагӣ мекард, гуфт, дар он лаҳзаҳои ҳассос барояш аз ҳама муҳим халос кардани фарзандонаш аз чанголи марг буд. Самиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 6-и субҳи 31-уми декабр садои таркиши сахте ӯ ва аҳли оилаашро бедор кард.

Маҳмадрозиқ Самиев.
Маҳмадрозиқ Самиев.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳамсояҳо доду вой мекарданд ва як фазои даҳшатборе ба вуҷуд омада буд. "Аз тиреза нигоҳ кардем, як тарафи бино фурӯ рафта буд, даромадгоҳ ҳам пур аз чангу хок буд. Дарҳол баргашта либоси кӯдаконро пӯшондам ва ба онҳо таъкид кардам, ки дар як кунҷ истанд. Чун хатар буд, ки хонаи ман ҳам фурӯ равад. Аммо номаълум буд, ки моро кай наҷот медиҳанд. Дар 8 ошёна будем, як лаҳза фикр кардам, ки ҳаёт то ҳаминҷо будааст. Тарсу ҳарос моро фаро гирифта буд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Маҳмадрозиқ Самиев афзуд, ин аҳвол қариб ду соат идома ёфт ва наҷотдиҳандагон баъдан онҳоро аз тиреза ба поён оварданд. Самиев мегӯяд, ҳоло тақрибан ҳама чизашро аз даст додааст, вале аз он шукргузорӣ мекунад, ки фарзандонаш аз ин ҳодиса наҷот ёфтанд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъди ин ҳодиса як сокини шаҳри Магнитогорск барояшон хонаи сеҳуҷрагиеро пешниҳод кард, то муваққатан дар он зиндагӣ кунад. Мақомоти шаҳри Магнитогорск ба онҳо ваъда додаанд, ки бо манзили зист таъмин хоҳанд шуд.

Маҳмадрозиқ Самев, зодаи шаҳри Ҳисор 23 соли пеш аз Тоҷикистон ба Русия кӯч баст. Ӯ шаҳрвандии Русияро дорад ва мегӯяд, ба кори сохтмон ва мусофиркашӣ машғул аст.

Путин ба маҳалли ҳодиса рафт

Биное, ки фурӯ рафт, дар маркази Магнитогорск воқеъ аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Аз ӯ пештар Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.

Раиси Магнитогорск дар як паёми телевизионӣ гуфт, баъди ҷудо кардани девори даромадгоҳ ва аз байн рафтани хавфи фурӯрезии қисми дигари бино, сокинон метавонанд ба хонаҳои худ даромада, санадҳояшонро бигиранд.

Дар вилояти Челябинск имрӯз, 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст. Мақомот машварат додаанд, ки ҳамагуна барномаҳои тафреҳӣ бекор карда шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG