Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Даврон: "Чӣ гуна як бачаи солим худкушӣ мекунад?"


Даврон Бобоев.
Даврон Бобоев.

Додситонии вилояти Хатлон дархости ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Даврон Бобоев, як марзбони тоҷикро рад кардааст, ки рӯзи 11-уми ноябр ҷасади овехтаашро дар ҳаммоми яке аз воҳидҳои низомӣ пайдо карданд.

Додситонии низомии вилоят дар номае ба унвони Фирӯза Бобоева, модари Даврон Бобоев навиштааст, ки "хулосаи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву судӣ дар вилояти Хатлон" нишон додааст, ки "Даврон Бобоев бинобар сабаби баногоҳ халалдоршавии функсияи асаб дар ҳаммоми бекорхобидаи қисми ҳарбӣ худро овехта, даст ба худкушӣ задааст."

Худкушӣ дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст ва яке аз сабабҳои аслии онро бадрафторӣ бо сарбозон мешуморанд.

Даврон Бобоев дар қисми низомии 0306 мутааллиқ ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Панҷ хидмат мекард ва баҳори соли 2018 ба сафи Неруҳои мусаллаҳ даъват шуда буд.

Дар додситонии низомии шаҳри Бохтар рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, азбаски омилҳои ҷиноят дар қазияи марги марзбони ҷавонро пайдо накарданд, парвандаи ҷиноӣ боз нашуд. Ба гуфтаи яке аз онҳое, ки дар таҳқиқи қазия ширкат доштааст, Даврон Бобоев "баъд аз шунидани хабари марги бибиаш зоҳиран афсурда шуда ва худро овехтааст".

"Ӯ аз 5-солагиаш дар дасти бибиаш бузург шудааст. Азбаски хабари даргузашти бибиашро пинҳон доштанд, ӯ ғамгин шуда ва ба бачаҳо гуфт, ки маро бибиам калон карда буд", - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Фирӯза Бобоева, модари Даврон Бобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ модаркалони Даврон рӯзи 8-уми ноябр, яъне се рӯз пеш аз марги писараш даргузашт, вале ин хабар наметавонист, сабаби худкушии Даврон шавад.

"Ҷони ҳама барояш ширин аст, чӣ гуна вай худкушӣ мекард? Бачаи ақлан солим, сардори оила, маслиҳатчӣ, кор кард, хона сохт, мошин гирифт, чӣ гуна худкушӣ мекунад? Ин ҷо сабабаш дигар аст",- мегӯяд, Фирӯза Бобоева. Ӯ афзуд, ки то ошкор шудани "ҳақиқати марги писараш" мубориза мебарад ва ба додситонӣ дигарбора муроҷиат мекунад.

Худкушӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст ва яке аз сабабҳои аслии онро бадрафторӣ бо сарбозон мешуморанд. Дар қисми низомии 0306, ки Даврон Бобоев хизмат мекард, моҳи марти соли 2018 Мазбутҷон Мансуров, як сокини ноҳияи Конибодом ба ҳалокат расид.

Ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки сарбози ҷавон бинобар "латукӯби пайдарпай бо дастаи бел ва кафидани испурч бо хунравии шадид" ҳалок шудааст.

Додгоҳи низомии Қӯрғонтеппа ду моҳ баъд аз ин ҳодиса Меҳриддин Нуров, капитани қисми низомииро ба 2 соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Ду нафар барои паст задани шаъну эътибори афсар аз сафи неруҳои сарҳадӣ ихроҷ шуданд ва ба ду нафари дигар барои саҳлангорӣ танбеҳ додаанд.

XS
SM
MD
LG