Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ дар додситонӣ: "Паррондани Олимбеков тасодуфӣ нест"


Муносиб Олимбеков
Муносиб Олимбеков

Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон маълум кардааст, ки марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонӣ аз тири сарбоз Наврӯзов “тасодуфӣ нест”.

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии Бадахшон рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъди он рух додааст, ки “Олимбеков телефони зертобеи худро гирифта ва ӯро шаллоқ мезанад”.

“Дар пай сарбоз ба қаҳру ғазаб омада, ба сӯи Муносиб Олимбеков тир холӣ мекунад ва аз ҷои ҳодиса фирор менамояд. Ӯ қасд доштааст, ба он сӯи марз гурезад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, нисбат ба гумонбар бар асоси моддаҳои 104 ва 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” ва “убури ғайриқонунии марз” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ин сарбози 18-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, баҳори имсол ба артиш даъват шудааст.

Ёҳибек Олимбеков, сокини ноҳияи Ишкошим ва падари афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта мақомоти додситонии ҳарбӣ сабаби марги фарзандашро ба ӯ шарҳ додаанд. “Гуфтанд, ки гӯиё писари ман телефонро аз дасти сарбоз гирифта, ӯро шаллоқ зада бошад. Ҳоло бо худи сарбоз вонахӯрдам”, - нақл кард Ёҳибек Олимбеков.

Вай афзуд, хостори тафтиши мунсифона ва муҷозоти гумонбари қатли фарзандаш мебошад.

Ҳодисаи паррондани Муносиб Олимбеков пас аз зуҳри 7-уми декабри соли 2018 дар дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ рух дод. Лейтенант Муносиб Олимбеков муовини сардори дидбонгоҳ буд.

Олимбеков: “Мехоҳам аз гумонбар пурсам, ки чаро Муносибро кушт?”

XS
SM
MD
LG