Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба 300 рӯзи манъи тафтиши соҳибкорон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҳангоми паёми солонаи президенти Тоҷикистон. Кохи Сомон, Душанбе, 26-уми декабри соли 2018

Бархе аз моликони корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон аз манъ шудани ҳамагуна тафтиш ва дахолат ба кори онҳо дар тақрибан як сол оҳи сабук кашидаанд. Вале мегӯянд, ки бояд ҳукумат ҷараёни татбиқи дастури раиси ҷумҳурро ҷиддӣ назорат кунад, то гап дигару амал дигар нашавад.

  • Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе дар паёми солонааш ба порлумон 300 рӯзи ислоҳот барои ҳимоят аз соҳибкоронро эълон кард ва аз мақомот хост, ки тафтиши соҳибкорони истеҳсолиро дар ду соли оянд қатъ намоянд. Оқои Раҳмон ба Додситонии кул ҳам амр дод, нисбат ҳар касе, ки ин даструро риоят намекунанд, чора биандешад.

Қатъи фаъолияти беш аз 12000 соҳибкор дар панҷ моҳ

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, дар доираи "300 рӯзи ислоҳот" бояд бархӯрди ниҳодҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

Ҳамагӣ ду ҳафта пеш як гуруҳ аз соҳибкорони вилояти Суғд аз вуҷуди "постгоҳҳои андоз" дар назди корхонаҳои истеҳсоли орд дар минтақа шикоят карданд. Ин гуруҳи соҳибкорон гуфта буданд, ки дар сурати афзоиши фишор маҷбуранд, ё тиҷорати худро қатъ кунанд ваё ба кишварҳои ҳамсоя бикӯчанд.

Ҳар чи қадар санҷишҳо кам шавад, ҳамон андоза нархи маҳсулот арзон мегардад.
Як тоҷири бозори "Фаровон"

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, танҳо дар панҷ моҳи аввали имсол беш аз 12 ҳазор "субъекти соҳибкорӣ" барҳам дода шудааст. Ҳарчанд Оҷонсии омор сабабҳои қатъи фаъолияти соҳибкоронро шарҳ надодааст, дар гузашта баъзеи онҳо чунин тасмими худро ба даромади кам, андози зиёд, санҷишҳои пайваста ва дарсади баланди қарзи бонкӣ рабт дода буданд. Дар гузашта мақомот чунин иддаоро рад кардаанд..

Назари бархе аз тоҷирон:

Соҳибкори тоҷик: "Тафтиш кунанд, аммо ғам надиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

"Ҳар қадар санҷиш кам шуд, нарх арзон мешавад"

Амиршоҳ Муродов, соҳибкори тоҷик, тайи тақрибан бист сол корхонаи қаннодӣ дошт ва чанде пеш фаъолияташро комилан қатъ кард. Ҳоло дастур барои сабукӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ ӯро ба ташкили дубораи корхона умедвор кардааст. "Маҳсулоти мо ба ноҳияҳои дигар низ мерафт. Ҳоло даводав мекунем, ки дар ягон ҷо қитъаи замин диҳанд ва корхонаро дубора ташкил кунем", - гуфт ӯ рӯзи 26-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳарчанд дар паёми раиси ҷумҳур сабукӣ бештар ба соҳибкорони бахши истеҳсолот ё моликони корхонаҳои итеҳсолӣ дода шудааст, бисёре аз тоҷирони хурд дар бозорҳои кишвар низ аз ин дастур ҳимоят мекунанд. Анвар, як тоҷири бозори "Деҳқон"-и шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар чи қадар санҷишҳо кам шавад, ҳамон андоза нархи маҳсулот арзон мегардад."

Тоҷири дигар ҳам мегӯяд, "бигзор тафтиш кунанд, чун дахлу харҷ бояд маълум бошад, вале ғам надиҳанд".

"Нозири андоз меояд, аз пасаш... маъмури Палатаи ҳисоб"

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик тасдиқ мекунад, ки мизони баланди андоз ва санҷишҳои пайваста садде дар пеши роҳи соҳибкорони тоҷик аст. "Масалан, нозири андози ноҳия меояд. Аз паси он маъмури Палатаи ҳисоб меояд. Баъд аз идораи андози шаҳрӣ сар мезананд. Ин як чизи маъмулӣ шудааст, ки корхона мушкилҳои иқтисодии худро сари вақт ҳал карда наметавонад", - шарҳ дод ӯ.

Ин ва дигар коршиносони тоҷик мегӯянд, фазо бояд тавре бошад, ки соҳибкор тавонад идеяҳои худро дар доираи қонун ва бидуни тарс аз мақомоти андоз ва додгоҳу додситонӣ иҷро кунад.

Манзури президент кадом гуруҳҳо буд?

​Бархе таҳлилгарони дигари иқтисодӣ мегӯянд, аз як тараф сабукӣ ба соҳибкорон ва аз тарафи дигар водор кардани онҳо ба "корҳои хайр", ки ҳазорҳо ва дар баъзе ҳолат миллионҳо сомонӣ харҷ дорад, "ду понздаҳ як сӣ"-ро ба хотир меорад.

Нур Сафаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ҳам мегӯяд, сармоягузорӣ дар тарҳҳои иҷтимоӣ барои соҳибкорони тоҷик "хеле вазнин хоҳад афтод".

Ӯ гуфт, "президент дар паёми худ аз бунёди мактабе дар ноҳияи Рӯдакӣ бо арзиши беш аз 20 миллион сомонӣ гуфт, ки як соҳибкори маҳаллӣ сохтааст. Ин соҳибкор, ки президент аз ӯ ситоиш кард, як соҳибкори миёнҳол нест, балки намунаи истисноӣ аст. Паёми инки тоҷирон дар иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ кунанд, барои онҳо хеле вазнин меафтад, чун дар Тоҷикистон камранг шудани фаъолияти тиҷоратӣ ва қатъи фаъолияти ҳазорҳо ширкат ба назар мерасад."

Таҳлилгарон мегӯянд, бо ин ки ҳадафҳои гузошташуда хубанд, то замони ҳал шудани масоиле ба монанди гаронии андоз, поин шудани дар сади қарзҳои бонкӣ, вуҷуди рақобати солим дар бозор, вазъ зиёд тағйир нахоҳад кард. Мушкили хеле сахти дигари бахши хусусӣ, ба қавли онҳо, вуҷуди фасод будааст, ки пеши роҳи рушди корхонаҳоро мегирад ва як фазои ношаффофро дар муомилаи соҳибкор бо давлат эҷод мекунад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG