Дар мактабҳои Узбекистон аз 10 декабр то 15 январи соли равон дар се баст навбатдорӣ ташкил карда шудааст. Ба гуфтаи омӯзгорон, навбатдориро ба хотири таъмини амният дар рӯзҳои ҷашни солинавӣ роҳандозӣ карданд. Як омӯзгор аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бонувони омӯзгор рӯзона ва мардон шабона навбатдорӣ мекунанд.
"То ҷое медонам, ин гуна ҳолат дар тамоми мактабҳо ҳаст. Навбатдории шабонарӯзӣ аз 10 декабр оғоз шудааст. Мо мардон аз соати 8-и бегоҳ то 8-и субҳ меистем. Ду басти дигар, 6-соатӣ рӯзона меистанд. Бонувонон рӯзона навбатдоранд", - афзуд.
Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Хоҷайлии Қарақалпоқистон мегӯяд, барои навбатдорӣ маош намегиранд. "Аз ҳама дида барои мардони омӯзгор мушкил аст. Шаб навбатдорӣ мекунанд ва рӯз кор мебароянд. Ин меҳнати иҷборӣ аст ва ҳеч маблағе ҳам намегирем. Ин нақзи Кодекси меҳнат аст ва ягон кас ҳам тафтиш намекунад", - изҳор дошт ӯ.
Ҳамкорони мо муайян карданд, ки навбатдории шабонарӯзӣ дар тамоми мактабҳои Узбекистон роҳандозӣ шудааст. Як масъули Идораи маорифи Ҷиззах низ ин хабарро тасдиқ кард. Дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи ташкили навбатдориҳои шабонарӯзӣ дар мактабҳо хабар надоранд.
"Вазорат ин гуна дастур надодааст. Агар омӯзгоронро маҷбур доранд, бигзор ба воситаи рақамҳои боварии 1006 занг зананд ва ё ариза бинависанд. Вазорат барои омӯзиши меҳнати иҷборӣ ва ҷамъоварии пул коллегияи махсусеро ташкил кардааст. Агар омӯзгорон шикоят кунанд, мо онро хоҳем омӯхт", - гуфт як масъули хадамоти матбуотии вазорат.