Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Британия: баҳри Сиёҳ моли шахсии Русия нест


Гэвин Уилямсон
Гэвин Уилямсон

Вазири дифои Британия Гэвин Уилямсон дар ҷараёни сафараш ба Украина гуфт, ки баҳри Сиёҳ моли Русия нест ва ба нишони пуштибонӣ аз Украина дар муқовимати ин кишвар бо Маскав, Британия ба баҳри Сиёҳ киштии низомӣ фиристод.

Уилямсон рӯзи ҷумъа дар Одесса - бузургтарин бандари Украина, ки баъди ишғоли Қрим ба пойгоҳи аслии нерӯҳои дарёии ин кишвар табдил шудааст, суханронӣ кард.

Хабаргузории Reuters мегӯяд, вазири Британия таъкид кард, ки баҳри Сиёҳ бахше аз обҳои байналмилалии аст.

Киштии истихборотии Британия - HMS Echo се рӯз пеш ба минтақаи обии баҳри Сиёҳ ворид шуд. Ин киштӣ бо дастгоҳҳои ҷамъоварандаи маълумот муҷаҳҳаз аст.

Вазири дифои Британия дар пасманзади ташаннуҷи авзоъ дар атрофи гулӯгоҳи Керч дар баҳри Азов ба Украина сафар кард. Охири моҳи ноябр Русия се киштии Украинаро бо маллоҳонаш боздошт ва онҳоро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кард.

Украина амалкарди Русияро таҷовуз ба хоки кишвар номид ва аз НАТО дархост кард, ки ба баҳри Сиёҳ ва Азов киштӣ фиристад. Ғарб низ аз Русия озодии маллоҳон ва ҳаракати бемамонияти кишитҳоро талаб кард.

Рӯзи ҷумъа дар бораи гардиши киштиҳои Русия дар минтақаи баҳри Азов хабар расид. Ба маълумоти Фармондеҳии флоти Русия дар баҳри Сиёҳ тамрини киштиҳо дар соҳилҳои Қрим оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG