Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё хона, ё $5000" – Ҳукми подполковники муттаҳам ба дузанагӣ


Додгоҳи шаҳри Ҳисор як подполковники милисаро ба “дузанагӣ” айбдор кард ва ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ, муодили 5300 доллар, муваззаф намуд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба Санъатулло Саъдуллоев рӯзи 14-уми декабри имсол содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

  • Ҳам подполковник ва ҳам ҳамсари аввали ӯ ва даъвогари аслӣ дар баҳси додгоҳӣ – Малоҳат Азизова – аз ҳукм розӣ нестанд.
Айни замон ба пардохти ҷарима ҳам имкон надорам, чун маоши ман танҳо барои роҳкиро мерасад. Ҳар рӯз аз шаҳри Ҳисор ба Ваҳдат рафта бармегардам

"Бояд бар асоси қонун афв гардам"

Санъатулло Саъдуллоев, подполковники милиса, рӯзи 18-уми декабр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои бозбинии ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ӯ эътироф кард, ки воқеан аз соли 2009 то соли 2016 дар як вақт бо ду зан зиндагӣ карда ва ба гуфтааш, ду соли пеш зани дувуми худро талоқ додааст.

Саъдуллоев гуфт, дар муддате, ки “ҷиноят содир шуда буд”, дар Тоҷикистон се дафъа қонуни авф татбиқ гардид ва ӯ бояд “бар асоси ин қонунҳо аз ҷавобгарӣ озод шавад”.

Гулбаҳор Валиева ва Малоҳат Азизова
Гулбаҳор Валиева ва Малоҳат Азизова

"На хонаро дода метавонам, на алиментро"

Аммо дар ҳолати татбиқ нашудани қонуни афв нисбат ба Саъдуллоев, ӯ бояд 50 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохта, эҳтимол аз ҷои кор ҳам ронда шавад. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи ин маъмури милиса, вай имкони пардохти алимент барои шаш фарзанди ноболиғ аз ду ҳамсарро нахоҳад дошт.

“Додситон ва додрас хостанд, хонаеро, ки ба номи падарам аст, барои зани аввалам диҳам ё 50 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пардохта, афв шавам. Наметавонам хонаи падарамро, ки худаш бемор аст ва дар онҷо чанд нафари дигар зиндагӣ мекунанд, ба ӯ бидиҳам. 25 сол дар мақомоти милиса кор мекунам ва 15 соли охир дар навбати замин ҳастаму то ҳанӯз хонаи шахсӣ надорам. Айни замон барои пардохти ҷарима ҳам имкон надорам, чун маоши ман танҳо барои роҳкиро сарф мешавад, ки аз Ҳисор ба Ваҳдат рафта меоям”, - афзуд ӯ.

Ин подполковники милиса мегӯяд, зиндагӣ бо ду ҳамсар “иштибоҳ” буд ва аз кардааш “пушаймон аст”. Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки “дониста ба ин кор даст зад?” гуфт: “Вақте зани аввалаам баъди таваллуди фарзанди якум дигар натавонист соҳиби кӯдак шавад ва дар ин мушкил маро гунаҳкор кард, барои исботи худам зани дуюм гирифтам. Бо ҳамсари дуюм макони муайяни зиндагӣ надоштем. Ӯ дар хонаи шавҳари якумаш маскун шуда буд”.

"Талоқи мусалмонӣ додааст, расман зану шавҳарем"

Малоҳат Азизова
Малоҳат Азизова

Малоҳат Азизоваи 40-сола, ҳамсари якум ва қонунии Санъатулло Cаъдуллоев аст, ки бо ӯ ҳабдаҳ сол зиста ва ду фарзанд дорад. Азизова рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки набояд шавҳараш бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шавад, балки барои ӯ ва ду фарзандаш сарпаноҳ диҳад ва ҳамин тавр то ба балоғат расидани онҳо алимент пардозад.

Ин зан гуфт, ҳамсараш аз рӯи муқаррароти исломӣ ӯро талоқ додааст, вале расман онҳо ҳанӯз зану шавҳар ҳастанд. “Ман як моиндар дорам ва ҳеҷ вақт бо ду фарзанд, ки алакай мактабхон ҳастанд, дар хонаи падарам ҷой намегирам. Қонун бояд одилона бошад, на ин ки баъди шикоят аз болои шавҳарам ман бехонаву дар монам ва ӯ бо пардохти ҷарима озод шавад. Агар мушкили ман ҳал нашавад, то ба президенти кишвар шикоят мекунам”, - гуфт ӯ.

Малоҳат Азизова мегӯяд, як далели шикоят кардани ӯ ба додгоҳ ин буд, ки ҳамсараш қонуншиканӣ кардааст: “Ҳадафи шикояти ман ба мақомот ин буд, ки бубинанд, ки корманди милиса чӣ кор мекунад. Пас, аз як марди қади кӯча бояд чиро интизор шуд?”

"Сабр кардам, аз ғӯра ҳалво напухт"

Ин зан ба суоли ин ки чаро танҳо баъди соҳиби чор фарзанд шудани шавҳар аз ҳамсари дуюм ба додгоҳ шикоят кард, гуфт, “мисли бисёр занони дигар худро бо он таскин медодам, ки шояд аз рӯи ҳавову ҳавас ва барои муваққат пеши он зан рафту рӯзе ба назди мо бармегардад. Косаи сабрам замоне лабрез шуд, ки шавҳар ду кӯдаки зани дуюмро ба хона овард ва хост бо ҳардуи мо зери як бом зиндагӣ кунад”.

Ҳамсари дуюми Санъатулло Саъдуллоев – Гулбаҳор Валиеваи 41-сола ҳам ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шаш сол пеш ба никоҳи шариатии Саъдуллоев даромада, ду сол пеш дар пайи ҷанҷоли зани якум талоқ гирифтааст.

Масъалаи бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз 15-20 соли пеш як мушкили хеле доғ шуда буд. Ҷомеашиносоне, ки ин масъаларо таҳқиқ кардаанд, пайдо шудани ин мушкилро ба вазъияти баъди ҷанги дохилии Тоҷикистон, набуди амният ва зиёд шудани шумори занони ҷавону дастнигар рабт доданд. Дар миёни мардони соҳиби чанд зан баъзе кормандони давлатӣ, мақомдорону соҳибкорони маъруф ҳам буданд.

Аммо дар як пажуҳиши тиббӣ-демографӣ дар соли 2017 танҳо 3 дар сади занони тоҷик гуфтанд, ки шавҳаронашон ҳамсари дувум ва ё маъшуқа доранд.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсариро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ то панҷоҳ ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG