Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия аз Амрико баргаштанд


Ҳавопаймои стротегии бомбаандози Ту-160
Ҳавопаймои стротегии бомбаандози Ту-160

Мақомоти Русия гуфтанд, ду ҳавопаймои бомбандоз, ки ба Венесуэла рафтанд, дигарбора ба пойгоҳҳои худ ба Русия баргаштаанд. Парвози ҳавопаймоҳи ҷангӣ, ки қодир ба партоби бомби атомӣ ҳастанд, аз тарафи Амрико ва чанд кишвари дигар танқид шуд.

Хабаргузории давлатии ТАСС аз қавли вазорати дифои Русия рӯзи 15-уми декабр гуфт, ”Ҳавопаймоҳои дурпарвози Ту 160 12 ҳазор километр масофаро тай карда ва дар ҳаво сӯхт гирифтаанд.”

Ҳавопаймоҳои ҷангӣ рӯзи 10-уми декабр дар як фурудгоҳи канори шаҳри Каракас фуруд омаданд ва нигаронии аъзои Созмони Кишварҳои Амрикоиро барангехтанд.

Баъди ин Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, “ҳукуматҳои фосиди Русияву Венесуэла” бо чунин кор пули мардумеро, талаф кардаанд, ки худашон ранҷ мекашанд. Русия ин баёнияи вазири амрикоиро ғайридипломатӣ ва ғайримасъулона номид.

XS
SM
MD
LG