Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ дар Тоҷикистон бо пуштибонии ИМА


Дувумин Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 дар Тоҷикистон бо маблағгузории USAID гузаронида шуд. Ба ин муносибат рӯзи 14-уми декабр дар Душанбе тайи маросиме аз ин тарҳ натиҷагирӣ сурат гирифт, ки дар он Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Гулнора Ҳасанзода, директори Оҷонсии омор ва хонум Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дигар масъулон ширкат доштанд.

ТТД ё Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ пурсиши миллӣ дар бораи саломатии зан ва кӯдак, зӯроварии хонагӣ мебошад, ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардонад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе дар доираи ин пурсиш тақрибан бо 11000 зани синну солашон аз 15 то 49 аз қариб ҳашт ҳазор хонаводаи саросари кишвар мусоҳиба гузаронида шуд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот тасмимгирандаҳоро бо таҳлилҳои муфид барои таҳияи сиёсати нав, банақшагирии барномаҳои муносиб ва назорати баррасии барномаҳои мавҷуд таъмин менамояд.

Аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, ҳукумати Амрико барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ бештар аз 1,8 млрд доллар маблағ ҷудо кардааст. USAID Оҷонсии пешбари ҷаҳонӣ оид ба рушди байналмилалӣ мебошад, ки баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои рушди мусбӣ кору фаъолият менамояд.

XS
SM
MD
LG