Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи сарбози маъюбро барқарор карданд. ВИДЕО


Ҷамшед Гулов соли 2001, ҳамагӣ пас аз чаҳор моҳи хидмат, маъюб ба хонаашон баргашт ва аз он замон бистарист

Мақомот баъди тақрибан як ҳафтаи нашри гузориши Радиои Озодӣ нафақаи маъюбии Ҷамшед Гулов, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро барқарор карданд.

Худашон омада диданд, муоина карданд. Ҳоло нафақаашро барқарор карданд. Акнун санадҳоро таҳия дорем, то ҳарчи зуд маъюби гуруҳи якум эътироф шавад

Гулов соли 2001 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта ва аз онҷо маъюб баргаштааст. Ҳабдаҳ сол боз бемори бистарист, на роҳ гашта метавонад ва на гап зада. Аз соли 2010 ба ҳайси маъюби гуруҳи дувум нафақа мегирифт, вале дар моҳи октябри имсол онро қатъ карданд. Мақомот иддао доштанд, ки ӯ аз ташхиси дубора нагузашта ва мариз будани худро собит накардааст.

"Вазъи ӯ ба гуруҳи аввали маъюбӣ дуруст мегирад"

Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ дар бораи вазъи ин сарбози собиқи артиши Тоҷикистон гузориши видеоӣ омода ва пахш кард. Ба дунбол, пизишкҳо Ҷамшед Гуловро дар хонааш муоина карда ва баъди исботи онки ӯ воқеан маъюб аст, додани нафақаро оғоз намудаанд.

Хайрулло Сироҷов, раиси идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Данғара рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто пешниҳод шудааст, ки Ҷамшед Гуловро ба ҳайси маъюби гуруҳи якум эътироф кунанд.

"Рафта дар ҷояш дидем, ки ба гуруҳи аввали маъюбӣ дуруст мегирад. Аллакай дар ин бора санад пешниҳод шудааст. Кори ӯ сад дарсад ҳал мешавад. Ягон мушкил пеш нахоҳад омад", - гуфт ӯ.

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи Ҷамшед Гулов:

Ҷамшедро аз нафақаи маъюбӣ маҳрум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

"Бо чашми худ диданд, ки дар чӣ ҳол аст"

Сарахон Гулов, падари Ҷамшед Гулов, ба хонаашон рафтани гуруҳе аз табибонро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи сешанбе гуфт, ба онҳо ваъда додаанд, ки аз моҳи январи соли оянда ӯро ҳамчун маъюби гуруҳи аввал эътироф хоҳанд кард.

“Баъди пахши гузориши Радиои Озодӣ духтурони калон аз ноҳияи Данғара омаданд. Худашон омада диданд, муоина карданд. Ҳоло як қисми кор ҳал шуд. Яъне нафақаи ӯро барқарор карданд. Акнун санадҳоро таҳия дорем, то ҳарчи зуд маъюби гуруҳи якум эътироф шавад ва андозаи нафақааш зиёдтар шавад”, – афзуд ӯ.

Наздикони Ҷамшед Гулов мегӯянд, ӯ ҳамагӣ пас аз чаҳор моҳи сарбозӣ (дар соли 2001) ба бемористон интиқол ёфта, ногаҳон аз роҳ гаштан монд. Соли 2010 баъди як ҷарроҳии миён имкони гап заданро ҳам аз даст додааст.

Тарси мақомот аз нафақагирҳои тақаллубӣ

Бо гузашти 17 сол аз ин ҳодиса хонаводаи Ҷамшед Гулов нафаҳмидаанд, ки дар қисми низомӣ бо писарашон чӣ рух дод ва чаро ӯ якбора бемор шуд ва аз роҳ рафтан монд. Бар болои бемории писар ин суоли беҷавоб онҳоро ҳанӯз азият медиҳад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон пардохти нафақаи беш аз 3 ҳазор нафар қатъ шуда буд. Назокат Одиназода, муовини раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гуфта буд, ки пардохти нафақаи ин афрод то замони тасдиқ шудани дараҷаи маъюбиашон боздошта шудааст.

Бо сабаби аз ташхис нагузаштан, нафақаи 40 нафар дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон қатъ шудааст.

Нигаронии мақомот бештар аз он аст, ки баъзе аз сокинон санадҳои тақаллубиро ба Оҷонсии нафақа пешниҳод карда ва бар асоси он нафақа мегиранд. Бозбинии нафақаи афроди маъюб ба дунболи тағийру иловаҳо ба "Қонун дар бораи таъмини нафақа", ки соли 2015 дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва ҳамчунин нафақаҳои осмонии баъзе афрод, аз ҷумла мансабдорон ба миён омад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG