Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лансет: "Умри тоҷикон дарозтар мешавад"


Маҷаллаи мӯътабари тиббии “Лансет” бо нашри як пажуҳиш дар бораи умри миёнаи аҳолии кишварҳои ҷаҳон гуфтааст, мумкин аст, то соли 2040 синни миёнаи сокинони Тоҷикистон аз 75 то 80 сол бирасад.

Бар асоси ин пажуҳиш, ҳамчунин маргумир аз ҳисоби бемориҳои ғайрисироятӣ ба мисли бемории қанд, саратони шуш, бемории музмини гурда ва фарбеҳӣ дар ҷаҳон зиёдтар мешавад ва Тоҷикистон ҳам дар ин миён истисно нест.

Тоҷикистон дар ин пажуҳиш дар миёни кишварҳоест, ки бино ба пешбинии муҳаққиқон умри миёнгини аҳолии он андаке зиёд мешавад. Баръакси Тоҷикистон, масалан дар Покистон умри пиразану пирамардҳо то ба 75 ҳам намерасад. Ба гуфтаи Кумитаи омор, умри миёнаи сокинони кишвар 76 солро ташкил мекунад.

Мехоҳам 90 сол умр бубинам

Соҷида Боирова, аз Душанбе яке аз сокинони пиронсол аст ва умедвор аст, умраш ба қавли худаш “ба ҷое мерасад”. Ӯ ҳануз дар мактаб дарс медиҳад ва ҳар саҳар то мактаб пиёда мераваду бармегардад. Мегӯяд, муҳим нест, ҳаво сард аст, ё гарм, бояд пиёда биравад, чун ҳаракат дар ин синну сол барояш муҳим аст.

Соҷида Боирова рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, аз 90 сол бештар зиндагӣ кунад, то амалӣ шудани орзуи фарзандонашро бубинад ва ҳам онро ки Душанбе то 17 соли дигар чӣ гуна мешавад.

“Шароити зиндагӣ дар муқоиса бо солҳои 90-ум хеле беҳтар шудааст. Ҳам маош мегираму ҳам нафақапулӣ. Маошам ҳудуди 800 сомонӣ ва нафақапулиам 650 сомонӣ мебошад” – мегӯяд, ӯ.

Хонаи пиронсолон дар Душанбе
Хонаи пиронсолон дар Душанбе

Айни замон ба гуфтаи ӯ, хубтар мешуд, агар ҳимояти иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон беҳтар мешуд, чун ҳатто музду нафақаи ӯ якҷоя барои доруву давое, ки лозим дорад, намерасад. Ба ӯ мисли дигар пиронсолони Тоҷикистон фарзандонаш кӯмак мекунанд. “Шукрона мекунам, ки чаҳор фарзандам бузург шудаанд ва метавонанд, ба ман кӯмак кунанд” – мегӯяд, ӯ.

Бемориҳое, ки умри тоҷикистониҳоро кӯтоҳ мекунад

Аммо на ҳамаи пиронсолон дар Тоҷикистон, мисли Соҷида Боирова имконият доранд. Пиразану пирамардони зиёде ҳастанд, ки ба синни 73 намерасанд, чун аз бемориҳои зиёде ба мисли бемориҳои қалб, диабет, фишори баланд, бемориҳои роҳҳои нафас азият мекашанд. Солҳои ахир тақрибан ҳар рӯз хабаре мешунавед, ки масалан фалонӣ, ки фақат 52 ва ё 60 сол дошт, ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Баъдан маълум мешавад, ки он фард, аз бемории қалб ҷон додааст.

Дар чанд сол пеш як таҳқиқи тиббӣ нишон додааст, ки бемории фишори хун дар Тоҷикистон афзудааст ва 22 дарсади аҳолии калонсол аз ин дард азият мекашанд. Мизони гирифторӣ ба фишори баланди хун дар байни мардон 21 фоиз ва дар байни занҳо 25 дарсад будааст.

Ба гуфтаи пизишкон умри кутоҳтари мардуми Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки онҷо бисёриҳо аз 80 сол бештар зиндагӣ мекунанд, аввал ба сатҳи зиндагӣ, хадамоти номуносиби иҷтимоӣ ва хадамоти тиббӣ вобаста аст.

Дигар аз сабабҳои хислатҳои пешини мардум аст, ки сиҳатиро баъд аз ҳар масъалаи дигар мегузоранд ва то замоне, ки аз пой наафтоданд, ба назди табиб намераванд.

Омилҳои беморизо дар Тоҷикистон камтар аст?

Аксарияти онҳое, ки умри дарозтар мебинанд, мардумони куҳистон ҳастанд, ки ба гуфтаи ҷомеашиносону равоншиносон, шеваи солими зиндагӣ доранд ва аз олудагиҳои шаҳру маҳаллаҳои серодам дур ҳастанд.

Марям Давлатзода, равоншиноси тоҷик мегӯяд, азбаски сокинони чунин маҳаллаҳо аз омилҳои беморизо ба мисли стресс дур ҳастанд, умри дароз мебинанд.

“Стресс ё асабонияти зиёд хоси сокинони шаҳрҳои бузург ба мисли Лондону Ню-Йорк аст. Мардуми тоҷик дар тӯли зиндагиашон камтар зери фишори равонӣ мемонанд. Ба ин далел, мардуми тоҷик дар асри 21 хосияти дарозумриро аз даст надодаанд. Кӯҳистони Тоҷикистон низ барои зиндагии дарозумрон мусоид мебошад” – мегуяд, ӯ.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати кӯдаку модар дар вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки расидан ба синни мутавассити 80 солагии сокинони Тоҷикистон “воқеӣ аст”, чун дар солҳои ахир муолиҷаву ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳо ба маротиб беҳтар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дарозии умри мутавассити сокинони Тоҷикистон ба 73,4 сол баробар аст. Бар асоси нуфусшумории ахир дар соли 2010, мардҳо ба ҳисоби миёна 69 ва занҳо 74 сол умр мебинанд.

Стратегияи "дарозумрии" Тоҷикистон

Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон омадааст, ҳукумат мехоҳад, то соли 2030 синни миёна ба 80 бирасад. Ҳоло дар кишвар бештар аз 300 ҳазор нафар афроди бештар аз 64-сола зиндагӣ мекунанд ва на танҳо худашон, балки мақомот ҳам умедворанд, ки ин табақа на камтар аз 75 ё 80 сол умр мебинанд.

Аммо ҳар рӯз дар кишвар на камтар аз 150 нафар мефавтанд ва ё ҳалок мешаванд ва дар байни онҳо аз кӯдаки навзод то ба ҷавони 18 сола ва ё пири 80 сола ҳам ҳаст.

Шарҳҳоро бинед (8)

XS
SM
MD
LG