Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатӣ тӯҳфагирии муаллимону табибонро манъ мекунад


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро рӯи даст дорад, ки бар пояи он муаллимон ва табибон ба ғайр аз гул ва қаламу коғаз наметавонанд тӯҳфаи дигар бигиранд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 10 декабр аз қавли раҳбари бахши хадамоти давлатии Вазорати меҳнат Дмитрий Баснак гузориш дод.

Ин меъёрҳо аллакай нисбати баъзе кормандони давлатӣ истифода мешаванд. Ҳоло ба муаллимон ва духтурҳо тақдими тӯҳфаи гаронтар аз 3 ҳазор рубл манъ аст. Баснак ҳамчунин таҷрибаи ба табибон тӯҳфа кардани шишаи шаробро "шубҳанок" номид. "Вазорати беҳдошт борҳо зарари истифодаи аз ҳад беши шаробро таъкид кардааст",- гуфт ин мақомдор.

Агар тарҳи қонун дар Думаи давлатӣ тасдиқ шавад, муаллимон ва табибон бояд дар бораи тӯҳфаҳои гаронбаҳо, ки ба онҳо пешниҳод мешавад, ба раҳбарияти худ гузориш диҳанд. Тартиби нав ҳамчунин ба муассисаҳое рабт мегирад, ки ширкатҳои давлатиро назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG