Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи ришваситонии милиса дар "Истиқлол" поён ёфт


Мақомоти мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи парвандаи як афсари Бозрасии давлатии автомобилиро, ки ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад, анҷом дода ва барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.

Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Фирдавс Ғаффоров, сардори шуъбаи бозрасӣ дар шаҳри Истиқлол рӯзи 4-уми октябр ронандаи як дучархаро дар роҳ дастгир карда ва бинобар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ ба майдони ҷаримавӣ бурда” ва барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ӯ 2000 сомонӣ талаб кардааст.

Ба гуфтаи оҷонсӣ, баъди шикояти расмии ронанда, ки аз “А” ном бурдаанд, Фирдавс Ғаффоров дастгир ва ба ришваситонӣ муттаҳам шудааст. Дар баёнияи оҷонсӣ омадааст, Фирдавс Ғаффоров, рӯзи 6-уми октябр бо иттиҳоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ ришва дастгир шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Кӯдакони гуруснаро кӣ наҷот медиҳад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
XS
SM
MD
LG