Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина созишномаи дӯстӣ бо Русияро бекор кард


Суханронии Петр Порошенко дар Порлумон

Порлумони Украина рӯзи гузашта лоиҳаи қонуни "Лағви иҷрои созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии Украина ва Русия"-ро ба тасвиб расонд.

Лоиҳаро президенти Украина Петр Порошенко рӯзи 3 декабр дар ҳоле ба порлумон пешниҳод кард, ки Русия се киштӣ ва 24 маллоҳи украиниро дар тангнои Керч тирборон ва боздошт кард. Мақоми лоиҳаи қонун ҳамчун "фаврӣ" арзёбӣ шуд.

​Пештар вазири умури дохилии Украина Павел Климкин хабар дод, ки дипломатҳои кишвараш аллакай иҷрои 48 созишнома бо Русияро қатъ карданд ва рӯзҳои наздик боз ҳудуди 40 қарордоди дигар бекор хоҳад шуд.

Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории Украинаву Москваро раҳбарони ду кишвар -- Леонид Кучма ва Борис Елтсин 31 майи соли 1997 имзо карда буданд. Он баъд аз тасвиби порлумони Украина ва Думаи давлатии Русия 1 апрели соли 1999 ба иҷро даромад. Украина низ аз ин созишнома расман аз 1 апрели соли 2019 хориҷ хоҳад шуд.

Порлумони Украина 6 декабр қонуни дигареро қабул кард, ки ба марзбонон иҷозат медиҳад, дар сурати ҳамла ба ин кишвар бидуни огоҳӣ ба сӯи ҳамлагарон оташ кушоянд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG