Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Комӣ дар Кумитаи ҳуқуқи Конгресси ИМА шоҳидӣ медиҳад


Ҷеймс Комӣ
Ҷеймс Комӣ

Мудири пешини Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА Ҷеймс Комӣ рӯзи якшанбе шикояти додгоҳиашро бозпас гирифт. Ӯ мехост, даъват ба Конгрессро тавассути додгоҳ бекор кунад.

Даъват ба Конгресс ӯро водор мекунад, ки дар бораи қарори ниҳодҳои масъули таҳқиқоти марбут ба интихоботи соли 2016 шоҳидӣ диҳад.

Комӣ розӣ шуд, дар ҷаласаи пӯшидаи Конгресс шоҳидӣ диҳад. Ҷумҳурихоҳон ба Комӣ ваъда доданд, ки дар давоми 24 соати баъди суханрониаш сабти суҳбатҳоро ба ӯ дастрас хоҳанд кард. Ҳамзамон ба Комӣ иҷозат шудааст, ки "шоҳидиаш дар Конгрессро комилан ё қисман" оммавӣ кунад.

Дар ҷаласаи пӯшидаи Конгресс аз Комӣ дар бораи таҳқиқоти Бюрои федеролӣ оиди истифодаи почтаи электронии шахсӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни фаъолиятҳои давлатиаш ва тавтиаи эҳтимолии Трамп бо Русия хоҳанд пурсид.

Демократҳо мегӯянд, ҷумҳурихоҳон талош доранд, ки пажуҳиши марбут ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016-ро ба ҳам зананд. Додситони махсус Роберт Мюллер ин пажуҳишро пеш мебарад. Президенти ИМА Доналд Трамп пажуҳиши мазкурро "шикори аҷузаҳо" унвон мекунад.

Ҷеймс Комӣ моҳи майи соли 2017 аз мақоми мудирии Бюрои федеролӣ бо баҳонаи "бемасъулиятӣ ва нотавонӣ дар мақоми роҳбарӣ" барканор шуд.

XS
SM
MD
LG