Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз Олмон "тилло" меоранд


Разавӣ Навбаҳоров дуввум аз чап
Разавӣ Навбаҳоров дуввум аз чап

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ “Берлиниада – 2018”, ки дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, се медал – як нишони тилло ва ду нишони нуқра – ба даст оврданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 1-уми декабр аз Берлин хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар аз Арманистон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва дигар кишварҳо ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ се варзишгар намояндагӣ кард. Разавӣ Навбаҳоров, паҳлавони тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни зери 62 килограмм мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ду паҳлавони дигари тоҷик - Шамшоди Шамсимаҳмад дар вазни зери 55 килограмм ва Шаҳром Шералов дар вазни зери 82 килограмм – барои ҷойҳои дуюм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

“Ҳоло ин се гуштигири тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 30-юми ноябр дар шаҳри Люнебурги Олмон шуруъ шуд, ширкат дорад. Гуштигирони ҷавони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (4 – 5-уми декабр) ва донишҷӯён (7– 8-уми декабр), ки дар шаҳри Нови Сади Сербия доир мегардад, ширкат меварзанд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, ки дар ин ду мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия ба ҳайси довар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG