Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии суннимзҳаб дар Эрон кушта шуд


Ҷангале дар вилояти Гулистони Эрон
Ҷангале дар вилояти Гулистони Эрон

Матбуоти Эрон хабар дод, ки рӯҳонии суннимазҳаб Абдулғаффор Ҷамолзай дар вилояти Гулистон кушта шуд.

Дар гузоришҳо омадааст, ки Ҷамолзай, имоми намози рӯзи ҷумъа дар деҳкадаи Ризообод, субҳи 27-уми ноябр мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ӯро аз пушт бо камони шикорӣ куштанд.

Хабаргузории давлатии Эрон - IRNA навишт, ки ба сӯи Ҷамолзай, намояндаи қавми Балуч, дар назди масҷиди шаҳри Ромиён, 20-километрии шимолу шарқи Теҳрон чаҳор дафъа тир кушоданд.

IRNA аз қавли як манбаи беном гуфтааст, ин куштор эҳтимол бар пояи хусумати шахсӣ ва ихтилофҳои қабилаӣ ба вуқуъ пайваст.

Мақоми баландпояи пулис аз оғози таҳқиқи қазия хабар додааст.

Абдулризо Чароғалӣ, мақоми маҳаллии Гулистон гуфт, ки ангезаи куштор маълум нест, аммо эҳтимоли "ҳамлаи террористӣ"-ро рад кард.

Сунниҳо 10 дар сади аҳолии 80-миллионии Эрони асосан шиамазҳабро ташкил медиҳанд. Моҳи июл як ҳамлагари мусаллаҳ рӯҳонии суннимазҳабро дар қисмати ҷанубу шарқи Эрон мавриди ҳамла қарор дод ва ба ҳалокат расонд.

XS
SM
MD
LG