Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди изҳороти Трамп, Исломобод кордори сафорати ИМА-ро эҳзор кард


Пол Ҷонс - кордори сафорати ИМА дар Покистон
Пол Ҷонс - кордори сафорати ИМА дар Покистон

Покистон кордори сафорати ИМА дар Исломободро эҳзор кард, то ба изҳороти президент Доналд Трамп оид ба нақши ками Покистон дар мубориза бо терроризм ва куштори Усома бин Лоден эътироз кунад.

Изҳороти Трамп дар чанд рӯзи ахир нахуствазири Покистон Имрон Хонро хашмгин кард. Ӯ рӯзи 19-уми ноябр дар Твиттер навишт, ки теъдоди ками шарикон ба монанди Покистон қурбонӣ додаанд ё дар ҷанг бо терроризм ба Вашингтон кумак кардаанд.

Таниши ахир равобити ду кишварро, ки борҳо дар заминаи ҷанги Афғонистон ва эҳтимоли кумаки Покистон ба ҷангҷӯён ба чолиш рӯ ба рӯ шудааст, бештар даргир мекунад.

"Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 20-уми ноябр кордори сафорати ИМА Пол Ҷонсро даъват кард, то ба иттиҳомоти бесос алайҳи Покистон қотеона эътироз кунад", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Охири ҳафтаи гузашта президент Трамп дар як сӯҳбат аз қарори маъмурияташ барои маҳрум кардани Покистон аз кумаки низомӣ пуштибонӣ ва Исломободро ба ин муттаҳам кард, ки дар ивази миллиардҳо доллар кореро барои Амрико анҷом надодааст.

Президенти Амрико рӯзи 18-уми ноябр дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox News Покистонро ба пинҳон кардани раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин муттаҳам кард. Раҳбари Ал Қоидаро нирӯҳои дарёии Амрико дар пинҳонгоҳаш дар Аббатободи Покистон бомдоди 2-юми майи соли 2011 ба қатл расонданд.

XS
SM
MD
LG