Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70% беморони қанд дар Тоҷикистон ҷавонону миёнсолҳоянд


Масъулони Маркази эндокринологии Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло ҳудуди 70 дар сади беш аз 40 ҳазор беморони гирифтори диабет дар кишварро ҷавонону миёнсолон ташкил медиҳанд. Асабонияту нигаронӣ аз мушкили иқтисодӣ ва истеъмоли ғизои носолими серчарб дар аксар ҳолатҳо боиси ҷавонтар шудани бемории қанд дар Тоҷикистон шудааст.

Фарзона Саидоваи 23-сола чанд моҳ пеш баъди як ташхиси тиббӣ ҳукми сангину бисёр дардноки духтуронро шунид. Ӯ гирифтори диабети қанд шудааст. Далели муроҷиати ин зани ҷавон ба табиб - мушкилӣ пайдо кардани фарзанд баъди издивоҷи се соли пешаш буд, вале нафаҳмид, ки дар асл гирифтори дарди сахти дигар будааст.

Фарзона рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ин муддат ҳеҷ яке аз нишонаҳои ин беморӣ, назири хушкидани дохили даҳан ва фишорбаландиро эҳсос накарда буд ва чунин хулосаи духтур барояш ногаҳонӣ аст.

Табибон мегӯянд, меъёри глюкоза дар хуни инсони сиҳат набояд аз нишондиҳандаи 3,3 то 5,5 миллимол зиёд бошад ва дар ҳолате, ки ин мизон бештар шуд, табибон беморро аз баланд рафтани мизони қанд огаҳ мекунанд.

Табибони тоҷик аз Маркази эндокринологии Тоҷикистон мегӯянд, шумори онҳое, ки гирифтори навъи дуюми диабети қанд мешаванд, афзоиш ёфта, беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва аз даҳ ҳафт нафари онҳо ҷавону миёнасол мебошанд. Ин гурӯҳи беморон аз инсулин вобаста нестанд ва бештар бо сабаби ирсият ё дар паи мушкилоти равониву пурхӯрӣ гирифтори маризӣ шудаанд.

Як ҳамсӯҳбати кӯҳансоли Радиои Озодӣ гуфт, замони шӯравӣ чунин бовар буд, ки бемории қанд "дарди сарватмандон" аст ва афроде бо даромаду зиндагии миёнаву оддӣ кам ба чунин дард гирифтор мешаванд. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам дар миёни аъзои ҳукумат ва ё вазирон нафароне зиёд буданд, ки аз дарди диабет ранҷ мекашиданд ва танҳо дар давраи беморӣ эътироф мекарданд, ки ғизои серравғану пурхӯрии давраи мансабдорӣ онҳоро касали қанд кардааст.

Вале ҳоло, ба қавли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ, диабети қанд дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам ҷавонтар ва аз ин назар ташвишовар мешавад. Зимнан, 14-уми ноябр, ки рӯзи мубориза бо ин беморӣ эълон шудааст, Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки агар даҳ сол қабл аз ин беморӣ ҳудуди 347 миллион нафар азият мекашид, соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои фақир мебошанд.

Шукрона Давлатова, пизишки ғадудшиноси тоҷик мегӯяд, дар мисоли Тоҷикистон падидаҳои нави мисли муроҷиат ба фастфуд ё ғизои зудпухти серравған сабаби пайдо шудани ин дард мешавад. "Истеъмоли хӯроки ба истилоҳ “фастфуд” ва истифодаи доруҳои махсус барои бузург кардани мушакҳои дасту пой ҳангоми варзиши бадан ҳам аз сабабҳои асосии гирифтории ҷавонон ба ин беморӣ мебошад",-афзуд вай.

Фирӯза Қурбонова, пизишки Маркази ғадудшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар инсон бояд пайваста зери назари табибон бошад, то ки вуҷуди беморӣ сари вақт ошкор ва ташхис шавад. Ӯ гуфт, беморони гирифтори диабети қанд ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва гурӯҳи аввал ба инсулин ниёз доранд, ки ворид кардани он ба кишвар дар масъулияти мақомот аст.

Ӯ гуфт: "Куллияи беморони гирифтори диабети қанд бо доруи инсулин таъмин мешаванд. Мо феълан инсулинро аз Украина ворид месозем. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба куллияи ниёзмандон инсулинро ройгон медиҳад".

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои харидани доруи инсулин 3 миллион сомонӣ ҷудо карда буд.

XS
SM
MD
LG