Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, Эрон фурӯши нафтро аз роҳҳои дигар идома медиҳад


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Шурӯъ аз 5 ноябр марҳилаи нави таҳримҳои ИМА дар нисбати Эрон мавриди иҷро қарор гирифт. Таҳримҳое, ки аз онҳо президент Доналд Трамп ҳамчун “шадидтарин” ном мебарад, бахшҳои энержӣ, интиқоли борҳо аз роҳҳои баҳрӣ, сохтмони киштиҳо ва соҳаи молиро дар бар мегирад. Мақомоти амрикоӣ дар гузашта гуфтаанд, ки тасмими ҷорӣ кардани таҳримҳо ба хотири водор кардани Теҳрон ба “тағйири рафтор” ва хатми ба гуфтаи Амрико, фаъолиятҳои тахрибкоронаи Ҷумҳурии Исломӣ дар минтақа гирифта шудааст. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар як изҳороти телевизиониаш субҳи 5 ноябр гуфт, ки алорағми таҳримҳо Эрон фурӯши нафтро аз роҳҳои дигар идома медиҳад.

Чанд соат пеш аз ин Трамп дар як изҳороте гуфт, ки таҳримҳои нав шадидтарин дар таърихи Эрон хоҳад буд. “Мебинем, ки бо Эрон чӣ мешавад, - гуфт Трамп. – Вале вазъи онҳо хуб нест”. Ишораи Трамп ба поинравии нишондодҳои иқтисодии Эрон буд, ки то замони ба иҷро даромадани таҳримҳои Амрико мушоҳида шудааст. Моҳҳо пеш аз ба иҷро даромадани ин қарор, ИМА муштариёни Эронро ҳушдор дод, ки харидории нафти ин кишварро хотима диҳанд, вагарна худи онҳо низ муҷозот мешаванд.

XS
SM
MD
LG