Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Италия таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 29-уми октябр фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид.
Ҷамолиддин Убайдуллоев – писари Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон моҳи январи имсол сафири кишвар дар Фаронса таъйин шуд ва моҳи август эътиборнома супурд.
Ӯ то он дам ба ҳайси сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ буд.
Номи ӯ борҳо дар мусобиқа оид ба теннис дар Тоҷикистон дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Ҷамолиддин Убайдуллоев чанд дафъа дар мусобиқаи теннис барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" пирӯз шудааст.
Убайдуллоев ҳамзамон намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид аст.