Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СМС ба ронандаҳои таксӣ: "Мошинҳои сиёҳшиша наронед" ВИДЕО


Ширкатҳои хадамоти таксӣ дар Душанбе аз кормандони худ хостаанд, ки аз истифодаи мошинҳои сиёҳшиша даст кашанд. Манъи истифодаи мошинҳои сиёҳшиша бо дархости шаҳрдории Душанбе сурат мегирад. Ин танҳо дархости шифоҳист ва мақомот барои расмӣ кардани он ба ҳукумат пешниҳод фиристодаанд.

Баъзе духтарон мехоҳанд аз ягон кас пинҳон шаванд. Барои мисол, аз хешу таборашон. Онҳо дар ҳамон таксиҳои сиёҳшиша мешинанд.

Дар шаҳри Душанбе даҳҳо мошини сиёҳшиша мусофиркашонӣ мекунанд. Бархе аз сокинон вуҷуди чунин таксиҳоро барои гурез аз чашми мардум ваё пинҳон кардани мушкили худ муҳим медонанд. Аммо бархеи дигар мегӯянд, ки чунин мошинҳо хатарноканд, чун маълум нест, дар дохили он бо шумо чӣ рух хоҳад дод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таксиҳои сиёҳшишаи Душанберо куҷо бурданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

"Талабгорони таксиҳои сиёҳшиша зиёд аст"​

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти мусофиркашонӣ бо ирсоли паёмак аз онҳо хостаанд, ки аз истифодаи шишаҳои сиёҳ даст кашанд. Муҳсиддин Шамсиддинов, ронандаи як ширкати хадамоти таксӣ дар пойтахт ҳам чуин паёмак гирифтааст ва бояд аз он итоат кунад. Дар ғайри сурат метавонад ҷарима шавад ва ё корашро аз даст бидиҳад.

Ӯ рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар хилофи чунин тасмими мақомот талабгорони шишаи сиёҳ дар миёни муштариҳо зиёд аст. Ӯ мегӯяд, "ҳатто ба хотири онки оинаи мошинаат сиёҳ нест, мефароянд. Мераванду дар таксии сиёҳшиша мешинанд."

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз манъи таксиҳои сиёҳшиша таъмини амният ва бехатарии мусофирон аст. Аммо ронандаҳо чизи дигар мегӯянд.

"Бемори худро бо мошини сиёҳшиша бурдем"

Музаффар Музаффаров, ронандаи таксӣ дар пойтахт гуфт, "баъзе духтарон мехоҳанд аз ягон кас пинҳон шаванд. Аз хешу таборашон, ки бояд онҳоро набинанд. Онҳо дар ҳамон таксиҳои сиёҳшиша мешинанд. Дар даруни он мошин чӣ кор мекунанд ва чӣ кор намекунанд, ҳеҷ кас намедонад."

Бархе аз сокинон ҳам вуҷуди теъдоде аз таксиҳои сиёҳшишаро зарур медонанд. Ба қавли онҳо, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки зарурати аз назари мардум пинҳон монданро пеш меорад.

Муродалӣ Ғуломов, як донишҷӯи тоҷик гуфт, "вақте дар хона бемор доштем, ба таксӣ занг задем. Дар таксии сиёҳшиша касалиамонро савор кардем, ҳатто ҳамсояҳо нафаҳмиданд, ки чӣ гап шудааст. Касе ҳам хавотир нашуд. Ба мо фоида дошт. Маризро то беморхона овардем. Таксии сиёҳшиша аз ин ҷиҳат хеле фоида дорад."

Аммо теъдоде аз сокинон ба вуҷуди таксиҳои сиёҳшиша ё муқобиланд ваё бетафовут:

  • "Агар таксӣ фармоиш диҳам, сиёҳшиша биёяд, савор намешавам"
  • "Барои ман муҳим нест, ки шишаҳои таксӣ сиёҳ аст ё не"

Сиёҳшишаҳо: Манъ буд, иҷоза шуд ва боз манъ гардид?

Шишаи сиёҳи мошинҳо аз соли 1995 дар Тоҷикистон ба манзури он ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз он истифода накунанд, мамнӯъ буд. Аммо соли 2009 порлумон иҷоза дод, ки сокинон бар ивази супурдани маблағ шишаи мошинҳои худро сиёҳ кунанд.

Соҳибони худравҳо барои сиёҳ кардани шишаҳои худрави худ ба буҷет аз 2500 то 3100 сомонӣ месупоранд. Ва тақдири он таксиҳое, ки иҷозаи истифодаи шишаи сиёҳро барои як сол харидаанд, зери суол мемонад.

XS
SM
MD
LG