Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Путин ба Аврупо: "Аз мушакҳои Амрико мизбонӣ накунед" ВИДЕО


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни мулоқот бо нахуствазири Итолиё дар Маскав. 24-уми октябри соли 2018.

Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, агар Амрико даст ба интиқол ва истиқрори мушакҳои миёнапарвоз дар Аврупо бизанад, кишварҳои мизбони ин ҷангафзорҳо аз сӯи Маскав дар маърази хатар қарор хоҳанд гирифт. Ин изҳороти Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки як ҳафта қабл раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки кишвараш аз "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз", берун мешавад.

Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз соли 1987 байни Роналд Рейган, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Михаил Горбачёв, котиби аввали Ҳизби коммунисти Шӯравӣ, имзо шуд. Ҳадафи он, аз байн бурдани мушакҳои ҳастаӣ бо бурди 500 то 5000 километр буд.

Дабири кулли НАТО гуфтааст, ки Амрико аз соли 1987 то ба ҳол ба ин паймон пойбанд буда ва дар ин байн танҳо мушкил ва чолиш "рафтори Русия" будааст.

Доналд Трамп ҳини эълони хуруҷ аз ин паймон гуфта буд, "мо ба Русия иҷоза нахоҳем дод созиши атомиро нақз кунад, силоҳ бисозад, дар ҳоле, ки мо иҷоза надорем чунин коре бикунем".

Дар ҳамон замон раиси ҷумҳури Амрико Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии худро барои музокирот бо мақомҳои Русия ба Маскав фиристод. Ҷон Болтон, ки гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Амрикоро ба хуруҷ аз паймони мушакӣ қонеъ кардааст, таъкид намудааст, ки имкони бозгашт ба он вуҷуд надорад

Бо ин ҳол, Путин ҳамчунон умедворӣ кардааст, ки чунин иқдоме дар ниҳоят ба ҷобаҷо кардани мушакҳои миёнапарвоз дар Аврупо нахоҳад шуд. "Агар онҳо (мушакҳои миёнапарвози Амрико) дар Аврупо қарор гиранд, мо ҳам табиатан ба он вокуниши монанд нишон медиҳем."

Владимир Путин гуфт, "Мо ҳам метавонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми октябр пас аз мулоқот бо нахуствазири Итолиё ба хабарнигорон гуфтааст, "миллатҳои аврупоие, ки бо чунин чизе мувофиқат кунанд, бояд дарк намоянд, ки кишвари худро ба як ҳамлаи интиқомҷӯёна рӯбарӯ сохтаанд. Инҳо масъалаҳои комилан рӯшане ҳастанд."

Ӯ сипас афзудааст, "ман намедонам чаро мо бояд Аврупоро бо чунин хатари ҷиддие рӯбарӯ созем... ман далеле барои он намебинам". Путин изҳор кардааст, "ин интихоби мо нест. Мо моил ба анҷоми додани чунин коре нестем."

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО.

Рӯзи чаҳоршанбе Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО аз Амрико дифоъ кард ва дар ҳамзамон гуфта буд, Русия паймони марбут ба мушакҳои атомии миёнпарвозро зери по гузошт ва набояд кишварҳои аврупоӣ дар вокуниш, даст ба ин кор бизананд.

Дабири кулли НАТО гуфтааст, ки Амрико аз соли 1987 то ба ҳол ба ин паймон пойбанд буда ва дар ин байн танҳо мушкил ва чолиш "рафтори Русия" будааст. Ин иттиҳомест, ки Амрико ҳатто қабл аз ба сари қудрат омадани Трамп ба Русия зада буд. Маскав ҳамвора ин иттиҳомро радд кардааст. Путин низ бори дигар чунин суханонро кард ва гуфт, ҳозир аст бо раиси ҷумҳури Амрико дар ин мавзуъ гуфтугӯ кунад.

Ду рӯз қабл дар ҷараёни мулоқоти Путин ва Болтон, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, моил аст ба гуфтугӯи худ бо ҳамтои амрикоиаш идома диҳад. Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико низ пас аз мулоқот бо Путин эълон кард, Вашингтон барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи маросими садумин солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, ки 11-уми ноябр дар Порис баргузор мешавад, барномарезии дақиқ анҷом хоҳад дод.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG