Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба номи Обамаву Клинтон маводи эҳтимолии тарканда ирсол шуд


Манзили Обама дар Вашингтон
Манзили Обама дар Вашингтон

Хадамоти истихбороти ИМА мегӯяд, таҷҳизоти эҳтимолан таркандаеро дар Қасри Сафед ва хонаҳои президенти собиқ Барак Обама ва котиби собиқи давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ошкор ва безарар кардаанд.

Дар баёнияи Хадамоти истихборот, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки халтаҳои машкукеро ошкор кардаанд, ки ба нишонии Барак Обама ва Ҳиллари Клинтон равона шуда буданд, аммо то ба манзил нарасиданд.

Бар замми ин телевизиони CNN хабар дод, ки “халтаи машкук”, ки ба нишонии Қасри Сафед равона шуда буд, низ дастгир гашт, ҳарчанд, ин ҳодиса аз ҷониби мақомот ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Даъфатан пас аз пахши ин хабар телевизиони CNN иттилоъ дод, ки коргаронро аз маркази Time Warner дар шаҳри Ню-Йорк, ки ин телевизион ҳам он ҷо идораи худро дорад, бинобар расидани хабар дар мавриди ҷо шудани “халтаҳои машкук” аз бино берун мекунанд.

Қасри Сафед кӯшиши ҳамла ба президент Обама, котиби давлатӣ Клинтон ва дигар ходимони ҷамъиятиро таъҷилан маҳкум карданд.

“Ин амалҳои террористӣ ҷилавгирӣ шуданд ва омилони он тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, гуфта мешавад дар баёнияи Қасри Сафед.

XS
SM
MD
LG