Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Омодаам, ки ҷонро фидои Сталин кунам” ВИДЕО


Солҳои охир дар кишварҳои пасошӯравӣ мавридҳои носталҷӣ ё пазмонӣ ба низоми “панҷаи оҳанин”-и даврони сталинӣ бештар шудаааст, ки як аломаташ ифтитоҳи муҷассамаҳои Сталину ташкили осорхонаҳои ӯст. Ҳоло як ҳамватани ин диктатори пешини Иттиҳоди Шӯравӣ кӯшиш дорад, ки барои зинда нигоҳ доштани хотираи Сталин саҳм гузорад.

Григол Онианӣ мегӯяд, ки дар хоб бо Иосиф Сталин гап мезанад. "Ӯ мегӯяд, ки ман сталинист ҳастам. Маро писараш мехонад. Мардум орзуҳояшонро дар хобашон мебинанд. Ман низ", - нақл кард Онианӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Ман омодаам ҷонамро фидои Сталин кунам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Сталин дар Гурҷистон таваллуд ёфтааст ва бо номи Иосиф Ҷугашвилӣ. Григол Онианӣ дар як маҳаллаи шаҳри Тифлис, маркази Гурҷистон, маҷмааи бузургеро барои Сталин бунёд карданист.

"Мехоҳам маҷмааи ёдгориеро барои Сталин бисозам. Дар пушташ дафтарҳои корӣ барои муҳаққиқони хориҷӣ мешавад. Айни замон маҳалли зиёрати сталинистҳо хоҳад буд", - гуфт ӯ.

Дар аҳди Сталин миллионҳо нафар кушта ва бадарға шудаанд. Саркӯбҳои сиёсӣ ва бадномсозӣ низ он вақт авҷ гирифт. Ташкили маҷбурии колхозу совхозҳо сабаби қаҳтӣ дар Украинаву Қазоқистон шуд. Аз ин ҳама дар осорхонаи Сталин ишорае намешавад, Григол Онианӣ бештар ба чизҳои камаҳамият таваҷҷуҳ дорад.

Бино ба назарсанҷиҳо аз 45 то 55 дар сади гурҷиҳо ба Сталин назари мусбат доранд. Онианӣ мегӯяд, "одамоне ҳастанд, аз ҷумла мисли ман, ки ҳозиранд ҷонашонро фидои Сталин кунанд. Мисли онҳое, ки дар замони ҷанг мекарданд."

Бар асоси як назарпурсие, ки созмони “Левада-центр” соли 2016 дар Русия анҷом дод, 54 дар сади пурсидашудаҳо нақши Иосиф Сталинро дар таърихи он кишвар мусбат арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, бештари муҳаққиқон Иосиф Сталинро золиму хунхор ва даврони сталиниро "террору таъқиби умумӣ" талаққӣ мекунанд, ки миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ бо иттиҳоми сохтаи “душмани халқ” ё “ҷосуси хориҷӣ” дар зиндонҳо кушта шуда ё ба урдугоҳҳо дар Сибир бадарға шуда буданд.

Дар Тоҷикистон ҳам назарҳо ба меросу шахсиятҳои даврони Шӯравӣ ва бахусус Сталин мухталиф аст. Иддае то ҳол ному ҳайкалҳои ӯро ҳифз кардаанд ваё эҳтиром доранд. Бархеи дигар аз замони ҳукумати ӯ, ки боис ба марг ваё азияти гузаштаҳояшон шудааст, бо дард ёд меоваранд.

Ҳанӯз дар Тоҷикистон омори расмие дар мавриди қурбониёни “террору таъқиби сталинӣ” мунташир нашудааст. Вале бар асоси асноди таърихӣ теъдоди зиёди чеҳраҳои саршиноси сиёсию давлатӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, назири Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум ва Абдулло Раҳимбоев, раҳбарони вақти ҳизбу ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамон даврони раёсати Сталин бо айбномаҳои “душманони халқи тоҷик, миллатгароёни буржуозӣ ва тротскийчиҳо” боздошт ва аз саффи ҳизби коммунист ихроҷ ва сипас қатл шуданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG