Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон: 4 миллион нафар раъй доданд


Хост, интихоботи парлумонӣ.
Хост, интихоботи парлумонӣ.

Дар Афғонистон рӯзи 21 октябр интихоботи парлумонии ин кишвар анҷом шуд, ҳарчанд ҳодисаҳои ҳамлаи ҷангиён ва ҳам мушкилоти фанниву ташкилии интихоботӣ ба ҳамроҳ дошт. Абдулбадӣ Сайёд, раиси комиссиюни интихоботии Афғонистон дар сӯҳбат бо журналистон дар Кобул гуфт, ки аз миёни 8,8 миллион нафари қобили раъй дар интихобот тахминан 4 миллион нафар иштирок карда дар 4,5 миллион нуқтаи раъйдиҳӣ баргаҳои худро партофтанд.

Дар як муроҷиати телевизиониаш президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ишора ба ҷангиёни гурӯҳҳои ифротии «Давлати исломӣ» ва Толибон гуфт, ки ҳузури шумори зиёди раъйдиҳандагон нишон дод, ки ин мардум тавон ва нирӯи мубориза бо душманро дорад. Овоздиҳӣ дар Афғонистон рӯзи 20 октябр шурӯъ шуд ва бо сабаби ҷой доштани мушкилоти фаннӣ тасмим шуд як рӯзи дигар тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG