Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати 350 нафарии Туркманистон дар Душанбе, барои беҳбуди робитаҳо. ВИДЕО


Ҳайати ҳунармандони туркман ҳангоми вуруд ба Душанбе

Беш аз 350 ҳунарманд ва санъаткори Туркманистон баъд аз зуҳри 14 октябр бо ҳадафи баргузории рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.

Қарор аст, давоми як рӯз онҳо ба сокинони Душанбе ва ноҳияи Дӯстӣ барномаҳои консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳод кунанд. Ирсоли чунин ҳайати бузург ба Тоҷикистон дар пайи он сурат мегирад, ки муносибати Душанбеву Ашқобод вақтҳои ахир ба сардӣ гароидааст.

“Китоби Бердимуҳаммедов дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад”

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки ба пешвози ҳунармандони туркман ба истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе омад, гуфт, бовар дорад, ки рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил хоҳад шуд.

Вазири фарҳанг дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки ҳадаф аз ирсоли чунин ҳайати бузурги ҳунармандони туркман ба Тоҷикистон чист гуфт, фиристодани ҳунармандон бар асоси барнома сурат гирифтааст. Ба қавли Шамсиддин Орумбекзода, ҳунармандони туркман якбора дар ду минтақаи Тоҷикистон барномаҳои консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳод мекунанд.

Бар асоси барнома, ҳунармандони туркман дар шаҳри Душанбе нахуст намоиши ҳунарҳои мардумии Туркманистонро пешниҳод мекунанд. Инчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, “Туркманистон қалби Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” муаррифӣ мешавад.

Истиқболи ҳайати бузурги Туркманистон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

Муаррифии китоби Бердимуҳаммедов ва инчунин як консерти калон ҳам дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) мегузарад, ки макони зисти ҳудудан 30 ҳазор туркмани Тоҷикистон аст.

Ҳунармандони Туркманистон баъд аз зуҳри 15-уми октябр дар театри Лоҳутии шаҳри Душанбе намоишномаи “Гулпам”-ро намоиш медиҳанд. Ҳамин тавр шоми ҳамин рӯз дар “Кохи Борбард”-и Душанбе консерти калони санъаткорони Туркманистон баргузор мешавад.

“Мехоҳем тоҷикон аз китобҳои Бердиҳаммедов огоҳ шаванд”

Ҳайати ҳунармандони туркманро мақомоти тоҷик рӯзи 15 октябр бо як шукуҳу шаҳомат дар истгоҳи Роҳи оҳан пешвоз гирифтанд. Ҳунармандони туркманро навозандаҳо ва духтарони чаканпӯши тоҷик бо нону ширинӣ истиқбол карданд. Ҳунармандони Туркманистон аз қатора дар даст нон поин шуданд ва онҳоро ба мизбонон пешниҳод карданд.

Туркманистон бори охир тобистони соли 2014 рӯзҳои фарҳангии худро бо иштироки 60 нафар аз ҳунармандони туркман дар Тоҷикистон баргузор кард.

Бар асоси созишномаҳои байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ҳар ду сол рӯзҳои фарҳанги кишварҳои узв дар қаламрави якдигар баргузор мешавад ва рӯзҳои фарҳангии Туркманистон бахше аз онҳост.

Ҳайати Туркманистон аз 350 нафар иборат аст.
Ҳайати Туркманистон аз 350 нафар иборат аст.

Дар бораи ташкили рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон як соли пеш дар ҷараёни боздиди расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2017 хабар доданд.

Дар пайи сардии равобит дар муносиботи Душанбеву Ашқобод чунин эҳтимолҳо низ вуҷуд дошт, ки Туркманистон баргузории рӯзҳои фарҳангашро дар Тоҷикистон ба таъхир мегузорад. Ҳунармандони туркман мегӯянд, бо омодагии ҷиддӣ ба Душанбе омадаанд.

Амонеллӣ Аралов, як ходими фарҳангии Туркманистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд, фарҳанг ва маданияти Туркманистонро дар Тоҷикистон намоиш диҳанд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, халқҳои тоҷику туркман муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва аз ин хотир худро дар инҷо бегона ҳис намекунад.

“Мо инчунин китобҳои президенти худро ба Тоҷикистон овардем. Ин китобҳо таърихи пурғановати халқи туркманро бозгӯ мекунанд ва мо мехоҳем халқи тоҷикон аз онҳо бохабар шавад. Мо ба Тоҷикистон саломи мардуми туркманро овардаем”-, гуфт Амонелли Аралов.

Сафир вуҷуди мушкили ҷиддиро рад кард

Дар ду моҳи охир хабарҳои зиёд аз вуҷуди мушкиле дар ҳамкориҳои Душанбеву Ашқобод нашр мешавад. Моҳи сентябр даҳҳо мошини борбар, ки ба Тоҷикистон меомаданд, дар марзи Туркманистон дармонданд ва танҳо баъди як моҳ имкони берун рафтан аз ин қаламравро пайдо карданд.

Чорӣ Отаев, сафири Туркманистон дар Тоҷикистон рӯзи 14 октябр дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ, вуҷуди мушкили ҷиддӣ дар муносиботи Душанбеву Ашқободро рад кард. Отаев нахост ба суолҳои мо аз ин бештар ҷавоб диҳад.

Туркманистон дар соҳаҳои зиёд, аз ҷумла энержӣ, роҳҳо, табодули молу коло ва бахшҳои дигар бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва миёни ду кишвар беш аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд моҳ қабл бо як сафари корӣ аз Туркманистон дидан кард ва дар ҷараёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG