Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмондории президенти Тоҷикистон аз нахуствазири Чин. АКС


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – нахуствазири Чин Ли Кетсянро дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе меҳмондорӣ кардааст. Кетсян рӯзи 11-уми октябр барои иштирок дар нишасти сарони ҳукуматҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон омад.

Дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, Ли Кетсян бо ҳамсараш дар “Боғи Ирам” тасвир ёфтааст ва аз таъми кӯлчаву ғизоҳои дигари тоҷикӣ ва меваҳои кишвар мечашад. Дар ин меҳмондорӣ Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ҳам ҳузур доштааст.

Хадамоти матбуоти президент ҳадаф аз ин меҳмондории, ба қавли ҳамин манбаъ, ғайрирасмиро “муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимӣ, таомҳои миллӣ... меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 ҳамроҳи бонуи аввали кишвар ва писари бузургаш -- Рустами Эмомалӣ барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсараш дар Душанбе зиёфат ороста буданд.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва чанде аз тарҳҳои муҳими кишвар бо қарзу кумакҳои бебозгашти Пекин сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG