Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттиши аршади Кумитаи Тафтишоти Русия ҳадафи тир қарор гирифт


Муфаттишон дар макони куштори Евгения Шишкина. 10 октябри соли 2018
Муфаттишон дар макони куштори Евгения Шишкина. 10 октябри соли 2018

Муфаттиши калони кумитаи Тафтишоти Русия Евгения Шишкина, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррпуцияро таҳқиқ мекард, дар минтақаи Маскав ҳадафи тир қарор гирифт. Дар ин бора мақомот хабар доданд.

Кумитаи Тафтишот ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки сарҳанг Евгения Шишкина рӯзи 10 октябр дар ҳоле кушта шуд, ки аз бинои зисташ дар шаҳри Архангелское, наздикиҳои пойтахт берун мерафт.

Олга Вради, сухангӯи Кумитаи Тафтишот гуфт, ки Шишкина қаблантаҳдид шуда буд ва се моҳ пеш афроди номаълум мошини ӯро оташ заданд.

Кумитаи Тафтишоти Русия дар як изҳорот гуфт, ки раҳбари ин ниҳод Александр Бастрикин парвандаи куштори Шишкинаро таҳти назорат гирифт ва мутахасисони таҷрибадорро ба бозҷӯии қазия сафарбар кард.

XS
SM
MD
LG