Сафири Украина дар Тоҷикистон хостори парвози мустақими ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Киев шуд. Виктор Никитюк дар ин бора рӯзи 11-уми октябр дар як нишасти иқтисодӣ дар Хуҷанд ишора кард.
Ӯ гуфт, “Украина баргузории ҷаласаи панҷуми комиссияи муштараки байниҳукуматиро бо Тоҷикистон бесаброна мунтазир аст. Ин ҷаласа моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд. Ҷаласа барои роҳандозии ҳамкориҳои байни соҳибкорони кишвари мо аҳамияти муҳим дорад. Мехостам аҳамияти барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Украинаро таъкид кунам.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Никитюк гуфт, ки ин масъаларо дар нишасти комиссияи байниҳукуматӣ дар моҳи ноябр дар миён хоҳад гузошт. Сафири Украина дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишвараш бо Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба густариш ниҳодааст.
Cоли 2017 гардиши савдо байни ин кишварҳо ба 35 миллион доллар расидааст, ки аз соли қаблӣ зиёдтар аст. Вале ба таъкиди Виктор Никитюк, “Украинаву Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ имкон ва зарфиятҳои бузурге доранд, ки ҳанӯз ба қадри кофӣ истифода нашудааст.”
“Бахши асосии ҳамкории Украинаву Тоҷикистон гидроэнергетика аст. Мо бояд ҳамкорӣ дар ин бахшро ҳифз кунем. Украина низ ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои Тоҷикистон моил аст”, - афзуд ӯ.
Нирӯгоҳи барқи обии Норак тӯли даҳсолаҳо бо чархаву таҷҳизоти истеҳсоли Украина фаъол аст ва ҳоло мавриди таҷдид қарор дорад. Моҳи ноябр нахустин чархаи Роғун, ки низ моли Украина аст, ба кор оғоз мекунад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ин нишаст Украинаро дар қатори Русияву Узбекистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз кишварҳое ном бурд, ки бо минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳамкориҳои фаровон доранд. Ӯ минтақаи озоди иқтисодӣ дар Хуҷандро, ки аз бисёр навъи андоз озод аст, як заминаи мусоид барои сармоягузорӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо номид.
Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони “Суғд – 2018” рӯзи 11-уми ноябр дар Хуҷанд бахшида ба даҳсолагии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо иштироки даҳҳо соҳибкорони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони ниҳодҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардид.