Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокини Лахш барои қатли хоҳараш 16 сол зиндонӣ шуд


Як сокини ноҳияи Лахш хоҳари худро ба қатл расонида, сипас ба Русия фирор кардааст. Вале, ба иттилои сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ниҳоят ин мард дастгир ва бо ҳукми суд ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст.

Манбаъ мегӯяд, "Давлатов С.С. ба он он гунаҳкор дониста шуд, ки ӯ 25 июни соли 2000 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Лахш, ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой хоҳараш Давлатова Б.-ро бинобар сабаби ҷой доштани хусумат бо роҳи буғӣ кардан аз ҳаёт маҳрум намуда, баъдан бо ҳамроҳии Ш. Султонбеков. ва З. Малабеков ҷасади номбурдаро дар мавзеи "Қарашувоқ"-и ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой зери хок пинҳон намудаанд".

Ба иттилои сомонаи расмии Додситонии кулл, ин мард бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2018 муттаҳам дониста шуда, ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум ва дар маҳбаси низомаш сангин нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG