Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, шумораи талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон ниҳоят зиёд шудааст ва ҳатто дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба болотарин рақам аз соли 2014 то кунун, расидааст.
Тибқи гузориши нави дафтари ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид (ЮНАМО) дар Афғонистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми октябр мунташир шуд, аз аввали январи то охири моҳи сентябри имсол 2 ҳазору 798 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ва 5 ҳазору 252 нафар низ захмӣ шудаанд.
Раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки поён додан ба ҷанг дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, СММ дархости худро барои поёни бидуни таъхир ва сулҳомези ин бӯҳрон, такрор мекунад.
Шумораи талафоти ғайринизомиён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад афзоиш ёфта ва талафот бинобар ҳамлаҳои интиҳорӣ 46 дарсад бештар аз соли гузашта будааст.
Бар асоси гузориши дафтари СММ, ҳудуди ниме аз кушташудаҳо ва захмиҳо бар асари таркиши мина ва бомбаҳои дастсоз будааст. Омили дигари талафоти ғайринизомиён, даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон будааст, ки дар натиҷа 605 нафар кушта шудаанд.
Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амрикоӣ 313 нафар кушта ва 334 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳудуди 60 дарсади қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоӣ занон ва кӯдакон будаанд. Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2017 талафоти ғайринизомиён 3 ҳазору 438 кушта ва 7 ҳазору 150 маҷрӯҳ будааст.
Раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки поён додан ба ҷанг дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, СММ дархости худро барои поёни бидуни таъхир ва сулҳомези ин бӯҳрон, такрор мекунад.
Ҷанг дар Афғонистон аз чиҳил сол ба ин тараф - бо оғози ҳамлаи Шӯравии собиқ ба ин кишвар дар соли 1979, сипас набарҳои байниҳамдигарии нерӯҳои муҷоҳиддин ва суқути Кобул ба дасти Толибон дар соли 1996 ва ҳамин таври ҳамлаи нерӯҳои байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико дар соли 2001, идома дорад.
Дар ин муддат беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар кушта шуда ва миллионҳо нафар ба хориҷ паноҳанда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо зидахл дар қазияи Афғонистон талош доранд, ки нерӯҳои даргир дар и кишварро сари мизи музокирот биоранд, вале то ба ҳол ба натиҷаҳои дилхоҳ даст наёфтаанд