Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масъалаи марз дар порлумони Ингушистон мутавақиф шуд


Эътирозҳо дар Магас
Эътирозҳо дар Магас

Бинобар ҳозир нашудани намояндагони порлумон барои баррасии дубораи созишномаи марзии Ингушистон бо ҳамсоякишвари Чеченистон, овоздиҳии рӯзи чоршанбе мутавақиф шуд. Аз 17 намояндаи зарур барои райъдиҳӣ танҳо 12 нафар сабти ном шуд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс рӯзи 10 октябр гузориш дод.

Раҳбарони Ингушистону Чеченистон Юнусбек Ёвкуров ва Рамазон Қодиров созишномаи тақсими марзҳои маъмӯриро рӯзи 26 сентябр имзо карданд. Ин қарордод табодули қаламравҳои ду ҷонибро пешбинӣ мекунад. Ингушҳо ба ин назаранд, ки созишнома ба фоидаи ҷумҳурӣ нест ва аз мақомот талаб доранд, ки онро бозбинӣ кунад.

Бо ин талаб сар аз 4 октябр дар пойтахти Ингушистон Магас, гирдиҳамоӣ ҷараён дорад, ки шуморашон якчанд ҳазорро ташкил медиҳад.

Рӯзи якшанбе собиқ раиси ҷумҳурии Ингушистон Руслан Аушев дар ҳузури тазоҳургарон суханронӣ ва ишора кард, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ дар имзои созишнома ба хато роҳ додаст. Суди конститутсионии ҷумҳурӣ низ аз эътирозгарон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин масъала бояд дар райъдиҳии умумӣ ҳал шавад.

Баъзе намеояндагони порлумони Ингушистон баррасии дубораи ин масъаларо имконпазир медонанд. Аммо ҳукуматдорон ба ин пешниҳод розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG